https://sputnik.tj/20240405/korshinos-krokus-rusiya-siyosati-tijori-video-1062353851.html
Коршинос: Баъди "Крокус" низ Русия сиёсати муҳоҷираташро тағйир дода наметавонад - видео
Коршинос: Баъди "Крокус" низ Русия сиёсати муҳоҷираташро тағйир дода наметавонад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия ҳеҷ кас, ҳадди ақалл миёни масъулин, тоҷикистониҳо ва муҳоҷирони тоҷикро ҷамъан дар ин ҳамлаи террористӣ гунаҳкор намедонад, гуфт коршинос
2024-04-05T15:55+0500
2024-04-05T15:55+0500
2024-04-05T15:55+0500
дар русия
амният ва мудофиа
видео
қонун
никита мендкович
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/05/1062353604_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_69b354b4607ef6a6c291d60c18c4c9b9.jpg
Ҳоло ба далели бархӯрди манфиатҳои иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ, сиёсати муҳоҷиратро тағйир додан ғайриимкон аст. Ин нуктаро раҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович ба Sputnik Тоҷикистон баён дошт. "Дар ҳоли ҳозир тағйир додани сиёсати муҳоҷират ғайриимкон ва бемаънӣ аст, зеро дар он ҷо убури манфиатҳои иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад", - гуфт Мендкович.Вай зикр намуда, ки дар минтақа қувваи кории зиёдатӣ ва дар Русия пас аз солҳои 90-ум мушкилоти демографӣ эҳсос мешавад. Ӯ илова намуд, ки дар амалиёти вижаи низомӣ аз Тоҷикистон садҳо нафар ширкат мекунанд. Мендкович таъкид кард, ки Русия хати тафриқаро аз рӯи миллату аслият намекашад, балки ба он назар мекунад, ки одам чӣ гуна рафтор мекунад ва ӯ дар паҳлӯи кӣ аст. "Дар Русия ҳеҷ кас, ҳадди ақалл аз миёни мардуми низомдор тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун як ҷомеа дар ин ҳамлаи террористӣ гунаҳкор намедонад. Террористони мушаххас гунаҳкоранд", - гуфт коршинос.Лавров аз дӯстӣ бо тоҷикону миннатдории Кремл гуфтБа гуфтаи ӯ, шахсе, ки шаҳрвандии Русияро гирифтааст, қонунҳои ин кишварро риоя мекунад ва манофеи онро ҳамчун манфиати худ медонад, “русиягии комилҳуқуқ, ватандӯсти бузургтар аз он бумиҳое аст, ки дар давраи сафарбарӣ Русияро тарк кардаанд". Тоҷикистон ҳам мисли Русия ҳадафи террористони ифротгаро аст ва дар мубориза бо ин зуҳурот ҳампаймон мебошад, таъкид кард рохбари клуби тахлили Авруосиё.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/05/1062353604_254:0:1694:1080_1920x0_80_0_0_7497c8589444981b175c9c3b23e25516.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сиёсат, муҳоҷират, тағйир, коршинос
русия, сиёсат, муҳоҷират, тағйир, коршинос
Коршинос: Баъди "Крокус" низ Русия сиёсати муҳоҷираташро тағйир дода наметавонад - видео
Дар Русия ҳеҷ кас, ҳадди ақалл миёни масъулин, тоҷикистониҳо ва муҳоҷирони тоҷикро ҷамъан дар ин ҳамлаи террористӣ гунаҳкор намедонад, гуфт коршинос
Ҳоло ба далели бархӯрди манфиатҳои иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ, сиёсати муҳоҷиратро тағйир додан ғайриимкон аст.
Ин нуктаро раҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович ба Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
"Дар ҳоли ҳозир тағйир додани сиёсати муҳоҷират ғайриимкон ва бемаънӣ аст, зеро дар он ҷо убури манфиатҳои иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад", - гуфт Мендкович.
Вай зикр намуда, ки дар минтақа қувваи кории зиёдатӣ ва дар Русия пас аз солҳои 90-ум мушкилоти демографӣ эҳсос мешавад.
"Русия бо роҳи роботсозӣ ва автоматикунонӣ пеш меравад, аммо дар солҳои наздик барои сохтмон, инфрасохтор ва манзил ба нерӯи корӣ, аз ҷумла ба коргарони дорои тахассуси паст ниёз дорад", - гуфт таҳлилгар.
Ӯ илова намуд, ки дар амалиёти вижаи низомӣ аз Тоҷикистон садҳо нафар ширкат мекунанд.
Мендкович таъкид кард, ки Русия хати тафриқаро аз рӯи миллату аслият намекашад, балки ба он назар мекунад, ки одам чӣ гуна рафтор мекунад ва ӯ дар паҳлӯи кӣ аст.
"Дар Русия ҳеҷ кас, ҳадди ақалл аз миёни мардуми низомдор тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун як ҷомеа дар ин ҳамлаи террористӣ гунаҳкор намедонад. Террористони мушаххас гунаҳкоранд", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, шахсе, ки шаҳрвандии Русияро гирифтааст, қонунҳои ин кишварро риоя мекунад ва манофеи онро ҳамчун манфиати худ медонад, “русиягии комилҳуқуқ, ватандӯсти бузургтар аз он бумиҳое аст, ки дар давраи сафарбарӣ Русияро тарк кардаанд".
Тоҷикистон ҳам мисли Русия ҳадафи террористони ифротгаро аст ва дар мубориза бо ин зуҳурот ҳампаймон мебошад, таъкид кард рохбари клуби тахлили Авруосиё.