https://sputnik.tj/20240408/man-idgardak-tojikiston-maqomot-khos-mardum-1062375607.html
Манъи идгардак дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд хоси мо нест, сокинон чӣ?
Манъи идгардак дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд хоси мо нест, сокинон чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Дар дастури мақомот барои манъи идгардак омадааст, ки ин анъана хоси тоҷикон нест, аммо бархе аз корбарон ин иқдомро маҳрум кардани кӯдакон аз шодӣ хонданд
2024-04-08T11:50+0500
2024-04-08T11:50+0500
2024-04-08T12:09+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
иди фитр
рамазон
идгардак
манъ
кӯдакон
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102651/26/1026512689_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_58d8b8b9532004fcbcb0d20ceaeebf11.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Волидайни мактаббачагони чанде аз макотиби шаҳри Душанберо ҳушдор додаанд, ки фарзандонашонро нагузоранд, ба идгардак раванд, дар акси ҳол муҷозот хоҳанд шуд. Чанде аз падару модарон дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз он гуфтанд, ки барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонашон аз ҷониби омӯзгорон огоҳӣ гирифтаанд. Яке аз мусоҳибон - Фаррух, мегӯяд ӯро ба мактаб даъват карданд ва ӯ барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонаш баёнот навистааст. Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ сокинон аз манъ кардани “идгардак” барои кӯдакон шиква ва норозигӣ карданд. Аксарият бар он назаранд, ки манъи “идгардак”-и кӯдакон кори хубе набуда даъват намуданд то онҳоро аз ин шодӣ маҳрум накунанд. Дар як дастури Вазорати маориф ва илми кишвар ба унвонии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, гуфта мешавад, ки кормандону омӯзгорони макотибҳои кишвар бояд баҳри пешгирӣ намудани “идгардак” чораҳо андешанд. “Ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани маросим ё анъанаҳои “идгардак”, ки дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолони ва кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад ва хоси мо нест, тадбирҳо андешида шаванд”-омадааст дар баёнияи вазорат. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола баъди ба итмом расидани рӯзадорӣ дар рӯзи иди Рамазон кӯдакон ба хонаи ҳамсоягону хешу ақрабо рафта эшонро бо фарорасии ид муборакбод мегӯянд. Соли равон иди Фитр 10 апрел дар назар аст.
https://sputnik.tj/20240404/shuro-ulamo-rasman-sana-daqiq-id-ramazon-elon-1062335373.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102651/26/1026512689_239:0:2906:2000_1920x0_80_0_0_57f6fa14f1c114e4e3d0dad0a47c62c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манъ, идгардак, тоҷикистон, корбарон, шодӣ, иқдом
манъ, идгардак, тоҷикистон, корбарон, шодӣ, иқдом
Манъи идгардак дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд хоси мо нест, сокинон чӣ?
11:50 08.04.2024 (Навсозишуда: 12:09 08.04.2024) Дар дастури мақомот барои манъи идгардак омадааст, ки ин анъана хоси тоҷикон нест, аммо бархе аз корбарон ин иқдомро маҳрум кардани кӯдакон аз шодӣ хонданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Волидайни мактаббачагони чанде аз макотиби шаҳри Душанберо ҳушдор додаанд, ки фарзандонашонро нагузоранд, ба идгардак раванд, дар акси ҳол муҷозот хоҳанд шуд.
Чанде аз падару модарон дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз он гуфтанд, ки барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонашон аз ҷониби омӯзгорон огоҳӣ гирифтаанд.
Яке аз мусоҳибон - Фаррух, мегӯяд ӯро ба мактаб даъват карданд ва ӯ барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонаш баёнот навистааст.
“Фарзандам омада гуфт, ки пагоҳ бояд ба мактаб равам ва баёнот нависам, ки писари ман ба “идгардак” намеравад. Дар ҳолати “идгардак” кардани фарзандам ҳам ман ва ҳам омӯзгор ҷарима мешудаст. Мегӯянд ин фармони Вазорати маориф будааст”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ сокинон аз манъ кардани “идгардак” барои кӯдакон шиква ва норозигӣ карданд. Аксарият бар он назаранд, ки манъи “идгардак”-и кӯдакон кори хубе набуда даъват намуданд то онҳоро аз ин шодӣ маҳрум накунанд.
Дар як дастури Вазорати маориф ва илми кишвар ба унвонии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, гуфта мешавад, ки кормандону омӯзгорони макотибҳои кишвар бояд баҳри пешгирӣ намудани “идгардак” чораҳо андешанд.
“Ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани маросим ё анъанаҳои “идгардак”, ки дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолони ва кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад ва хоси мо нест, тадбирҳо андешида шаванд”-омадааст дар баёнияи вазорат.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола баъди ба итмом расидани рӯзадорӣ дар рӯзи иди Рамазон кӯдакон ба хонаи ҳамсоягону хешу ақрабо рафта эшонро бо фарорасии ид муборакбод мегӯянд. Соли равон иди Фитр 10 апрел дар назар аст.