https://sputnik.tj/20240404/shuro-ulamo-rasman-sana-daqiq-id-ramazon-elon-1062335373.html
Шӯрои уламо расман санаи дақиқи иди Рамазонро эълон кард
Шӯрои уламо расман санаи дақиқи иди Рамазонро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани рӯзи иди Рамазон даъват гардида, хулосаи уламо баён шуд
2024-04-04T13:11+0500
2024-04-04T13:11+0500
2024-04-04T14:17+0500
дар тоҷикистон
иди рамазон
шӯрои уламо
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/88/1026768834_0:163:3065:1887_1920x0_80_0_0_700f6b824eae2d79a6c0aea86fe4e451.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Иди саиди Рамазон дар Тоҷикистон 10 апрел баргузор мешавад.Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин сана зимни ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ, ки ҷиҳати муайян намудани рӯзи иди Рамазон даъват шуд, дақиқ гардид.Раиси Шурои уламо, Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҷаласа қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар маҳз ба 10 апрел дуруст меояд.Ичунин, тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 дақиқа муайян карда шудааст.Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон ҷалб намоянд.Дар баробари ин таъкид гардидааст, ки руҳониён диққати шаҳрвандонро ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки масъулини дин худашон бояд дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.Дар зимн Саидмукаррам Абдулқодирзода фарорасии Иди саиди Рамазонро барои тоҷикистониҳо шодбош гуфтааст.
https://sputnik.tj/20240401/idu-istirohati-tojikistoniyon-aprel-1062291327.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/88/1026768834_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_8a0cd17943ba3d829dc2c3fb9cc37984.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шӯрои уламо сана ид рамазон эълон
шӯрои уламо сана ид рамазон эълон
Шӯрои уламо расман санаи дақиқи иди Рамазонро эълон кард
13:11 04.04.2024 (Навсозишуда: 14:17 04.04.2024) Ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани рӯзи иди Рамазон даъват гардида, хулосаи уламо баён шуд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Иди саиди Рамазон дар Тоҷикистон 10 апрел баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сана зимни ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ, ки ҷиҳати муайян намудани рӯзи иди Рамазон даъват шуд, дақиқ гардид.
Раиси Шурои уламо, Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҷаласа қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар маҳз ба 10 апрел дуруст меояд.
Ичунин, тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 дақиқа муайян карда шудааст.
Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон ҷалб намоянд.
Дар баробари ин таъкид гардидааст, ки руҳониён диққати шаҳрвандонро ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки масъулини дин худашон бояд дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.
Дар зимн Саидмукаррам Абдулқодирзода фарорасии Иди саиди Рамазонро барои тоҷикистониҳо шодбош гуфтааст.