Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кремл гуфт, Киев фаъолияти террористияшро давом дода истодааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДмитрий Песков. Архивное фото
Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия зарбаи нерӯҳои Украинаро ба нерӯгоҳи ҳастаии Запароже идомаи фаъолияти террористии низоми Киев арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Зарба ба гунбази блоки шашуми нерӯгоҳи ҳастаии Запроже идомаи фаъолияти террористии низоми Киев мебошад, изҳор дошт намояндаи Кремл.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар шарҳи ҳамлаҳои ахир ба нерӯгоҳи атомии Запороже гуфт, ки режими Киев ба фаъолиятҳои террористии худ идома медиҳад.
"Режими Киев мутаассифона, фаъолияти террористии худро идома медиҳад", - изҳор дошт Песков дар посух ба суоли хабарнигорон.
Рӯзи 7 апрел дафтари матбуоти нерӯгоҳи ҳастаии Запороже аз ҳамлаи бесарнишин ба гунбази блоки шашуми энержӣ хабар дод. Зимнан зикр гардид, ки харобкориҳои сангинг ба нерӯгоҳ расонда нашудааст.
ФСБ показала видео допросов подозреваемых в теракте в Крокусе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Навори комили ФСБ аз бозпурсии муттаҳамони ҳамла ба "Крокус Сити Хол" - видео
Қаблан аз ин зарбаҳо хабар дода шуда буд, ки нерӯҳои Украина тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин ба майдони ошхона ва инчунин ба минтақаи бандари боркашӣ задаанд.
Нерӯгоҳи ҳастаии Запороже дар соҳили чапи Днепр дар наздикии шаҳри Энергодар воқеъ мебошад.
Мақомоти Русия мегӯянд, Украина дидаву дониста тирборон кардани нерӯгоҳи Запорожеро давом дода, иқдоми иғвогарона ташкил мекунад.
Дар охири моҳи феврал кори ҳамаи қисматҳои Запороже қатъ карда шуд. Панҷ блок дар ҳолати "истгоҳи сард", як адад дар ҳолати "истгоҳи гарм" қарор доштанд. Таҷҳизот мувофиқи ҳама қоидаҳои зарурӣ таҳти назорати қатъӣ мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии бехатарӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0