https://sputnik.tj/20240408/navori-komili-fsb-muttahamoni-hamla-krokus-video-1062381030.html
Навори комили ФСБ аз бозпурсии муттаҳамони ҳамла ба "Крокус Сити Хол" - видео
Навори комили ФСБ аз бозпурсии муттаҳамони ҳамла ба "Крокус Сити Хол" - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар чаҳор муттаҳами ҳамла дар Крокус тасдиқ карданд, ки қасди дар Украина пинҳон шуданро доштанд, онҳоро бояд дар марз "пешвооз" мегирифтанду "кумак" мекарданд
2024-04-08T13:58+0500
2024-04-08T13:58+0500
2024-04-08T18:45+0500
видео
ҳамлаи террористӣ
амният ва мудофиа
русия
фсб
муттаҳам
шоҳидӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/08/1062381207_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d072e17b24ae36d724a566d2aef1c646.jpg
Муттаҳамони ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" шоҳидӣ додаанд, ки як нафар бо номи Сайфулло бо онҳо тамос гирифта, барои ҳамла ба толори консерт ба ҳар кадоми онҳо млн рублӣ ваъда кардааст. Ин нуктаро муттаҳамон дар навори видеоии бозпурсӣ, ки ФСБ-и Русия нашр кардааст, баён медоранд. Ҳамоҳангсоз, ба гуфтаи муттаҳамон, онҳоро на танҳо бо силоҳ таъмин кардааст, балки роҳи гурезро низ фароҳам кардааст. Нерӯҳои Украина ду ҷойро дар вилояти Сум аз минаҳо поксозӣ карданд, то долон фароҳам созанд. Лавров: ҳадафи террористон коштани хусумат будГунаҳкорони ҳамлаи террористӣ мебоист мошинро сӯзонда, аз қаламрави тозакардаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина мегузаштанд."Ҳама мефаҳмиданд, ки убури сарҳад мушкил аст. Сайфулло гуфт, ки дар марзи Украина бачаҳо интизоранд, ки ба мо барои убури сарҳад кумак мекунанд", - гуфт гумонбар Муҳаммадсобир Файзов*.Ба иттилои ФСБ-и Русия, пас аз ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл", дар минтақаи марзӣ дар наздикии деҳаҳои Чуйковка ва Сопичи вилояти Сум, фаъол шудани нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва маъмурони хадамоти махсус мушоҳида шудааст, ки долонро барои муттаҳамон фароҳам мекардаанд. Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд.Баъдан додгоҳ боз шаш нафари дигарро бо иттиҳоми шарикӣ дар амали террористӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Хадамоти федералии амният - ФСБ ахиран аз боздошти 3 муттаҳами дигар дар робита ба ин ҷиноят хабар дод.*- дар феҳрасти афроди алоқаманд ба терроризму экстремизми Росфинмониторинг қарор дорад.
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/08/1062381207_185:0:1145:720_1920x0_80_0_0_3ca3b475aa6ee1f5eecae3baec43c496.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамла, видео, комил, муттаҳам, бозпурсӣ, кумак
ҳамла, видео, комил, муттаҳам, бозпурсӣ, кумак
Навори комили ФСБ аз бозпурсии муттаҳамони ҳамла ба "Крокус Сити Хол" - видео
13:58 08.04.2024 (Навсозишуда: 18:45 08.04.2024) Ҳар чаҳор муттаҳами ҳамла дар Крокус тасдиқ карданд, ки қасди дар Украина пинҳон шуданро доштанд, онҳоро бояд дар марз "пешвоз" мегирифтанду "кумак" мекарданд
Муттаҳамони ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" шоҳидӣ додаанд, ки як нафар бо номи Сайфулло бо онҳо тамос гирифта, барои ҳамла ба толори консерт ба ҳар кадоми онҳо млн рублӣ ваъда кардааст.
Ин нуктаро муттаҳамон дар навори видеоии бозпурсӣ, ки ФСБ-и Русия нашр кардааст, баён медоранд.
Ҳамоҳангсоз, ба гуфтаи муттаҳамон, онҳоро на танҳо бо силоҳ таъмин кардааст, балки роҳи гурезро низ фароҳам кардааст.
Нерӯҳои Украина ду ҷойро дар вилояти Сум аз минаҳо поксозӣ карданд, то долон фароҳам созанд.
Гунаҳкорони ҳамлаи террористӣ мебоист мошинро сӯзонда, аз қаламрави тозакардаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина мегузаштанд.
"Ҳама мефаҳмиданд, ки убури сарҳад мушкил аст. Сайфулло гуфт, ки дар марзи Украина бачаҳо интизоранд, ки ба мо барои убури сарҳад кумак мекунанд", - гуфт гумонбар Муҳаммадсобир Файзов*.
Ба иттилои ФСБ-и Русия, пас аз ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл", дар минтақаи марзӣ дар наздикии деҳаҳои Чуйковка ва Сопичи вилояти Сум, фаъол шудани нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва маъмурони хадамоти махсус мушоҳида шудааст, ки долонро барои муттаҳамон фароҳам мекардаанд.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд.
Баъдан додгоҳ боз шаш нафари дигарро бо иттиҳоми шарикӣ дар амали террористӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Хадамоти федералии амният - ФСБ ахиран аз боздошти 3 муттаҳами дигар дар робита ба ин ҷиноят хабар дод.
*- дар феҳрасти афроди алоқаманд ба терроризму экстремизми Росфинмониторинг қарор дорад.