https://sputnik.tj/20240408/iiao-oqibati-furushi-bozicha-tarsnok-meomuzad-1062386056.html
ИИАО оқибати фурӯши бозичаҳои тарснокро меомӯзад
ИИАО оқибати фурӯши бозичаҳои тарснокро меомӯзад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Белорус ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешниҳод кардаст, ки фурӯши бозичаҳои тарснок илман омӯхта шаванду меъёри техникӣ бозбинӣ гардад
2024-04-08T18:02+0500
2024-04-08T18:02+0500
2024-04-08T18:02+0500
иттиҳод
авруосиё
иттиҳоди иқтисодии уросиё
бозӣ
иқтисод
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061206477_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_a799d4721a02561dfb5c93989ae44dd1.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ташаббуси Беларус дар мавриди фурӯши бозичаҳои “даҳшатнок”-е, ки метавонанд ба саломатии рӯҳии кӯдакон зарар расонанд, дастгирӣ мекунанд. Дар ин бора Валентин Татарицкий, узви ҳайати мушовара, вазири танзими техникии Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар ҷараёни видеоконфронс бо пойтахтҳои кишварҳои узви ИИАО хабар дод. "Ташаббусе, ки Беларус ба миён мегузорад, бозичаҳое мебошад, ки мо дар мағозаҳо мебинем. Мисли ҳаргуна махлуқе, ки кӯдакон онҳоро метавонанд ба таври норавшан маънидод кунанд ва метавонанд ба кӯдак таъсири равонӣ расонанд", - гуфт ӯ. Вазир дар шарҳи ташаббус таъкид намуд, ки он ба зарурати гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва тасмимгирӣ дахл дорад. "Эҳтимол он амалӣ хоҳад шуд, зеро кишварҳои ИА аз ин равиш пуштибонӣ карданд”, - гуфт Валентин Татаритский. Ӯ афзуд, корҳои ҷиддӣ анҷом дода мешаванд ва ин ташаббус дар оянда дар регламентҳои техникӣ инъикос хоҳад ёфт. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Беларус дар ИИАО ба таври возеҳ танзим карда шудааст, ки кадом бозичаҳои кӯдакона бу гуруҳи хушбӯй жохиланду кадомаш нарм аст ва чӣ қадар ранг кардани намои бозичаҳо иҷозат аст. Чунин тағйирот аллакай ба регламентҳои техникӣ ворид карда шудаанд, қайд кард Валентин Татаритский.
https://sputnik.tj/20240406/iiao-tijorat-raqami-mekunad-1062362447.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061206477_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7c3a6b8a812cb7d0b0dfb22f825428c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, бозбинӣ, техникӣ, ииао
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, бозбинӣ, техникӣ, ииао
ИИАО оқибати фурӯши бозичаҳои тарснокро меомӯзад
Ҷониби Белорус ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешниҳод кардаст, ки фурӯши бозичаҳои тарснок илман омӯхта шаванду меъёри техникӣ бозбинӣ гардад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ташаббуси Беларус дар мавриди фурӯши бозичаҳои “даҳшатнок”-е, ки метавонанд ба саломатии рӯҳии кӯдакон зарар расонанд, дастгирӣ мекунанд.
Дар ин бора Валентин Татарицкий, узви ҳайати мушовара, вазири танзими техникии Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар ҷараёни видеоконфронс бо пойтахтҳои кишварҳои узви ИИАО хабар дод.
"Ташаббусе, ки Беларус ба миён мегузорад, бозичаҳое мебошад, ки мо дар мағозаҳо мебинем. Мисли ҳаргуна махлуқе, ки кӯдакон онҳоро метавонанд ба таври норавшан маънидод кунанд ва метавонанд ба кӯдак таъсири равонӣ расонанд", - гуфт ӯ.
Вазир дар шарҳи ташаббус таъкид намуд, ки он ба зарурати гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва тасмимгирӣ дахл дорад.
"Эҳтимол он амалӣ хоҳад шуд, зеро кишварҳои ИА аз ин равиш пуштибонӣ карданд”, - гуфт Валентин Татаритский.
Ӯ афзуд, корҳои ҷиддӣ анҷом дода мешаванд ва ин ташаббус дар оянда дар регламентҳои техникӣ инъикос хоҳад ёфт.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Беларус дар ИИАО ба таври возеҳ танзим карда шудааст, ки кадом бозичаҳои кӯдакона бу гуруҳи хушбӯй жохиланду кадомаш нарм аст ва чӣ қадар ранг кардани намои бозичаҳо иҷозат аст.
Чунин тағйирот аллакай ба регламентҳои техникӣ ворид карда шудаанд, қайд кард Валентин Татаритский.