https://sputnik.tj/20240406/iiao-tijorat-raqami-mekunad-1062362447.html
ИИАО тиҷоратро рақамӣ мекунад
ИИАО тиҷоратро рақамӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Таваҷҷуҳи асосии ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар КИАО ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат нигаронида шудааст
2024-04-06T19:01+0500
2024-04-06T19:01+0500
2024-04-06T19:01+0500
ииао
тиҷорат
рақамӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205142_0:0:3240:1822_1920x0_80_0_0_e3a2fdcfca61f17ee1fb7b65f94fa736.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) барои рақамикунонии равандҳои тиҷорат тадбирҳои мушаххас меандешанд. Дар ин бора сардори департаменти танзими гумрукӣ, тарифӣ ва ғайритарифии КИАО Ваҳагн Ғазарян дар Анҷумани 11-уми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба содагардонии тиҷорат таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар Самарқанд доир шуд, хабар дод.“Масъалаҳои асосии рақамикунонии равандҳои савдо дар Иттиҳод тамғагузории молҳо бо роҳи мушаххассозӣ, рушди тиҷорати электронии берунӣ ва дохилӣ, истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва иттилоот аз ҷониби соҳибкорӣ ва сохторҳои давлатӣ дар доираи танзими ғайритарифӣ мебошанд", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи Казарян, тамаркузи асосии ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар КИАО ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ҳам дар дохили иттиҳодия ва ҳам бо шарикони кишварҳои сеюм нигаронида шудааст. Дар ҷаласа муҳокимаи инноватсияҳо ва ташаббусҳои ташкилотҳое, ки дар рушд ва дастгирии рақамӣ барои татбиқ ва пешбурди минбаъдаи технологияҳои рақамӣ дар занҷирҳои таъминоти устувор иштирок мекунанд, баррасӣ карда шуданд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасмим доранд, бозорҳои умумии энержиро эҷод кунанд.
https://sputnik.tj/20240405/taboduli-kolo-miyoni-kishvarho-iiao-ziyod-1062357887.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205142_0:0:2712:2034_1920x0_80_0_0_9fd35f784b670454a083346fd809942a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао тиҷорат рақамӣ
ИИАО тиҷоратро рақамӣ мекунад
Таваҷҷуҳи асосии ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар КИАО ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) барои рақамикунонии равандҳои тиҷорат тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Дар ин бора сардори департаменти танзими гумрукӣ, тарифӣ ва ғайритарифии КИАО Ваҳагн Ғазарян дар Анҷумани 11-уми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба содагардонии тиҷорат таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар Самарқанд доир шуд, хабар дод.
“Масъалаҳои асосии рақамикунонии равандҳои савдо дар Иттиҳод тамғагузории молҳо бо роҳи мушаххассозӣ, рушди тиҷорати электронии берунӣ ва дохилӣ, истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва иттилоот аз ҷониби соҳибкорӣ ва сохторҳои давлатӣ дар доираи танзими ғайритарифӣ мебошанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Казарян, тамаркузи асосии ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар КИАО ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ҳам дар дохили иттиҳодия ва ҳам бо шарикони кишварҳои сеюм нигаронида шудааст.
Дар ҷаласа муҳокимаи инноватсияҳо ва ташаббусҳои ташкилотҳое, ки дар рушд ва дастгирии рақамӣ барои татбиқ ва пешбурди минбаъдаи технологияҳои рақамӣ дар занҷирҳои таъминоти устувор иштирок мекунанд, баррасӣ карда шуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасмим доранд, бозорҳои умумии энержиро эҷод кунанд.