https://sputnik.tj/20240408/darguzasht-ustodi-voleybolbozon-tojikiston-1062382542.html
Даргузашти устоди волейболбозони Тоҷикистон
Даргузашти устоди волейболбозони Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз чеҳраҳои собиқадори варзиши Тоҷикистони шӯравию замони истиқлол, устоду довари дараҷаи байналмилалӣ Нуралӣ Одинаев даргузашт
2024-04-08T14:56+0500
2024-04-08T14:56+0500
2024-04-09T12:09+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
сармураббӣ таъин шуд
донишгоҳ
даргузашт
волейбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/08/1062381971_0:26:880:521_1920x0_80_0_0_6d3f8c63d0c988acd3463351b1480ac1.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Нуралӣ Одинаев, ки миёни доираҳои варзишӣ дар Тоҷикистон бештар чун Нур машҳур аст, дар соли 87-уми умр даргузашт. Дар ин бора наздикони Нур Одинаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо таассуфи бузург хабар додаанд. Марҳум аз устодони аслии волейболбозони тоҷики замони шӯравӣ ва истиқлол дар Тоҷикистон шинохта мешуд, ки даҳсолаҳои охир дар кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошт. Вай 25 июни соли равон бояд 87-сола мешуд. Раёсати донишгоҳ аз даргузашти Одинаев изҳори ҳамдардӣ карда, зикр намудаст, ки марҳум тамоми умри худро ба варзиши волейбол бахшид. Дар донишгоҳи мазкур, Одинаев аз соли 2002 то 2008 дар вазифаҳои омӯзгорӣ, мураббӣ ва сипас мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то соли 2024 дар вазифаи муаллими калони кафедра будаст. Бо роҳбарии ӯ дастаҳои волейболбозони Донишгоҳи славянӣ борҳо ғолиби чемпионати ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол гардидаанд, дар мусобиқоти шаҳрию минтақавӣ низ шикаст надида буданд. Барои дастовардҳо, Одинаев чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлолият бо ҷоизаҳо қадрдонӣ мешуд. Аз ҷумла ҳанӯз соли 1962 устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро гирифта, мураббии хидматнишондодаи Тоҷикистон буд. Марҳум ҳамчунин аълочии маорив, довари дараҷаи байналмилалӣ ва корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд, ки чандин нишону медалҳо гирифтааст.
https://sputnik.tj/20240109/motam-varzish-darguzasht-tojikiston-1061200468.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/08/1062381971_0:0:880:660_1920x0_80_0_0_fe6a6a6412333afffa9ff492da8a8f9c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, нуралӣ одинаев, довар, байналмилалӣ
даргузашт, нуралӣ одинаев, довар, байналмилалӣ
Даргузашти устоди волейболбозони Тоҷикистон
14:56 08.04.2024 (Навсозишуда: 12:09 09.04.2024) Яке аз чеҳраҳои собиқадори варзиши Тоҷикистони шӯравию замони истиқлол, устоди варзишу довари байналмилалӣ Нуралӣ Одинаев даргузашт
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Нуралӣ Одинаев, ки миёни доираҳои варзишӣ дар Тоҷикистон бештар чун Нур машҳур аст, дар соли 87-уми умр даргузашт.
Дар ин бора наздикони Нур Одинаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо таассуфи бузург хабар додаанд.
Марҳум аз устодони аслии волейболбозони тоҷики замони шӯравӣ ва истиқлол дар Тоҷикистон шинохта мешуд, ки даҳсолаҳои охир дар кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошт. Вай 25 июни соли равон бояд 87-сола мешуд.
Раёсати донишгоҳ аз даргузашти Одинаев изҳори ҳамдардӣ карда, зикр намудаст, ки марҳум тамоми умри худро ба варзиши волейбол бахшид.
Дар донишгоҳи мазкур, Одинаев аз соли 2002 то 2008 дар вазифаҳои омӯзгорӣ, мураббӣ ва сипас мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то соли 2024 дар вазифаи муаллими калони кафедра будаст.
Бо роҳбарии ӯ дастаҳои волейболбозони Донишгоҳи славянӣ борҳо ғолиби чемпионати ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол гардидаанд, дар мусобиқоти шаҳрию минтақавӣ низ шикаст надида буданд.
Барои дастовардҳо, Одинаев чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлолият бо ҷоизаҳо қадрдонӣ мешуд.
Аз ҷумла ҳанӯз соли 1962 устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро гирифта, мураббии хидматнишондодаи Тоҷикистон буд. Марҳум ҳамчунин аълочии маорив, довари дараҷаи байналмилалӣ ва корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд, ки чандин нишону медалҳо гирифтааст.