Мотам дар варзиш: даргузашти 2 чеҳраи шинохтаи Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМогила Махкамова Каххора
Могила Махкамова Каххора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2024
Обуна шудан
Ду собиқадори варзиши Тоҷикистон дар соли 66-уми умрашон дунёро падруд гуфтанд. Ин ду устоди марҳум дар бахши футбол ва куштӣ садҳо варзишкорро парвариданд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Собиқадори футболи Тоҷикистон, Вазген Манасян ва паҳлавон Носир Хусравов устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 66-уми умрашон дунёро падруд гуфтанд.
Манасян ҳамлагари номии тими овозадори "Помир"-и Душанбе мебошад, ки дар ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ фаъолият дошт.
Вазген Манасян аз соли 1980 то 1992 дар тими "Помир" бозӣ карда, дар ҳайати бошгоҳи Душанбе 425 бозӣ гузаронида, 123 гол задааст. Соли 1992 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон як бозӣ кардааст. Вай аз соли 2013 то 2015 ёвари сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд.
Муаррихи шинохтаи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Даргузашти профессор Усмонҷон Ғаффоров, муаррихи шинохтаи тоҷик
Инчунин ҷаҳонро Хусравов падрӯд гуфт, ки 8 маротиба қаҳрамони варзиши Тоҷикистон дар риштаҳои самбо, ҷудо ва куштии миллӣ буда, дар мусобиқаҳои зиёди Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҷойҳои авввал гирифтааст.
Баъди анҷоми фаъолияти касбии варзишӣ дар майдонҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба фаъолияти мураббигӣ оғоз кардааст.
Бар асоси корномаи варзишӣ, Носир Хусравов беш аз панҷоҳ нафар устоди варзиши Тоҷикистон, панҷ нафар устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ як нафар устоди шоистаи ҷумҳуриро парваридааст.
Аз ҷумлаи номбардорони дигари варзишкори марҳум, фарзандаш Хушқадам Хусравов мебошад, ки қаблан унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0