Нархи доллару евро дар Тоҷикистон боло рафт: Рубл чӣ?

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2024
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши се асъори калидии нисбатан серистифода дар ҷумҳуриро эълон кард, ки ба ин феҳраст асосан доллар, евро ва рубл дохиланд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нархи ҳазор рубли русӣ дар Тоҷикистон 118,5 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондоди рӯзи қабл поинтар мебошад.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки нархи доллар ва евро каме боло рафтааст.
Бар асоси арзномаи ин ниҳод, қурби доллари ИМА - 10.9563 сомонӣ ва евро - 11. 7725 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии кишвар барои доллари ИМА аз 10.9563 то 10.9800 сомонӣ, евро аз 11.8162 то 11.9200 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 118,5 то 120 сомонӣ шудаст.
Денежные купюры. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Истифодаи пулҳои миллӣ дар ИДМ афзоиш ёфтааст
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0