Дар назар аст муҳоҷиронро дар Русия аз тариқи профилҳои рақамӣ назорат кунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЕдиный миграционный центр Московской области. Архивное фото
Единый миграционный центр Московской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2024
Обуна шудан
Масъулини Думаи давлатии Русия шеваи назорати электронии муҳоҷиронро на танҳо масъалаи амният, балки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи худи онҳо арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар назар аст, ҳаракати муҳоҷирон дар Русия тавассути профили рақамӣ барои ҳар як хориҷӣ назорат карда шавад.
Дар ин бора муовини раиси Думаи давлатӣ Сергей Неверов хабар дода, афзудаст, ки ин масъала бо сарвазири Русия, Михаил Мишустин баррасӣ шуд.
Корфармо бояд барои муҳоҷирати меҳнатӣ масъул бошад, яъне агар кормандро ҷалб намуд, бояд ӯро таъмин созад.
Агар аз кор озод карда шуд, дар ин бора мақомоти салоҳиятдор бояд фавран огоҳ карда шаванд, зарур хонд Неверов.
Уборка снега в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Санади нав барои муҳоҷирон дар Русия метавонад ҷорӣ шавад: Пулашро кӣ медиҳад?
"Профили рақамии шахсе, ки ба кор меояд, таъсис дода мешавад. Ӯ ба куҷо мекӯчад, иҷозатнома кай ба охир мерасад, дар куҷо зиндагӣ мекунад, бо кӣ. Ҳар гуна интиқол ба кори дигар - ҳама чиз бояд таҳти назорат бошад", - гуфт ӯ.
Неверов таъкид намуд, ки ин на танҳо масъалаи амният нест, балки масъалаи эҳтироми ҳуқуқи худи муҳоҷирони корӣ низ аст.
Қаблан раиси Кумитаи меҳнати Думаи давлатии Русия Ярослав Нилов масъалаи шартномаҳои кориро ба миён гузошт, ки бояд кӯтоҳмуддат баста шаванду дар сурате агар корманд аз корфармо қаноатманд бошад, метавонад шартномаро тамдид кунад.
Вай афзуд, ки муҳоҷирати корӣ дар Русия бояд тибқи дархост - "ба як минтақаи мушаххас, мутахассисони мушаххас" сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0