https://sputnik.tj/20240311/meyor-nav-muhojiron-rusiya-1061995687.html
Санади нав барои муҳоҷирон дар Русия метавонад ҷорӣ шавад: Пулашро кӣ медиҳад?
Санади нав барои муҳоҷирон дар Русия метавонад ҷорӣ шавад: Пулашро кӣ медиҳад?
Sputnik Тоҷикистон
Таҳияи санади махсусе пешниҳод шудааст, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русияро тасдиқ мекунад
2024-03-11T13:24+0500
2024-03-11T13:24+0500
2024-03-11T13:24+0500
дар русия
муҳоҷират
чипта
иҷозат
қонун
ҷалб
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101322/04/1013220498_0:231:2823:1819_1920x0_80_0_0_009de5d1f7a5b94af263c8e7a6a06fb7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Русия лоиҳаи қонунеро омода кардаанд, ки талаботи навро нисбати муҳоҷирони кории хориҷӣ пешбинӣ мекунад.Тибқи тарҳи таҳиякардаи Вазорати меҳнати Русия, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати берун аз соҳа кор кардан аз кишвар ихроҷ мешаванд. Пешниҳод шудааст, ки санади махсуси тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия таъсис дода шавад."Дар амал ин маънои онро дорад, ки муҳоҷири корӣ дар доираи ҷалби муташаккил назди як корфармои мушаххас тибқи иҷозатнома кор мекунад. Ҳамзамон, пешпардохти иҷозатнома аз ҷониби ширкате, ки мустақиман мутахассиси хориҷиро киро мекунад, пардохт мешавад", - фаҳмонд вазорат. Лоиҳаи қонун ба баланд бардоштани ҳавасмандии корфармоён ба иштирок дар ҷалби муташаккил ва таъсиси чунин механизм ҳамчун авлавият нигаронида шудааст. Ин тасмим ҳолатҳоеро аз байн хоҳад бурд, ки муҳоҷири корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия аз кор дар як ширкат, ки хароҷоти ба кор гирифтани ӯ, аз ҷумла арзиши чиптаҳои ҳавопаймоиро ба дӯш гирифтааст, даст кашида, ба дигараш мегузарад. Ба ин тартиб, ҳолатҳои ворид шудан ба Русия аз ҷониби шахсоне, ки бо истифода аз даъвати муташаккилона мехоҳанд ғайриқонунӣ дар кишвар бимонанд, истисно карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20240213/vaziri-mehnat-muhojirati-tojikistoniyon-16-kam-shudaast-1061672108.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101322/04/1013220498_46:0:2777:2048_1920x0_80_0_0_309f50d5e3f4b5e2e75adc7096cb3f40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, санад, нав, русия, муҳоҷирон,корӣ
пешниҳод, санад, нав, русия, муҳоҷирон,корӣ
Санади нав барои муҳоҷирон дар Русия метавонад ҷорӣ шавад: Пулашро кӣ медиҳад?
Таҳияи санади махсусе пешниҳод шудааст, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русияро тасдиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Русия лоиҳаи қонунеро омода кардаанд, ки талаботи навро нисбати муҳоҷирони кории хориҷӣ пешбинӣ мекунад.
Тибқи тарҳи таҳиякардаи Вазорати меҳнати Русия, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати берун аз соҳа кор кардан аз кишвар ихроҷ мешаванд.
Пешниҳод шудааст, ки санади махсуси тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия таъсис дода шавад.
"Дар амал ин маънои онро дорад, ки муҳоҷири корӣ дар доираи ҷалби муташаккил назди як корфармои мушаххас тибқи иҷозатнома кор мекунад. Ҳамзамон, пешпардохти иҷозатнома аз ҷониби ширкате, ки мустақиман мутахассиси хориҷиро киро мекунад, пардохт мешавад", - фаҳмонд вазорат.
Лоиҳаи қонун ба баланд бардоштани ҳавасмандии корфармоён ба иштирок дар ҷалби муташаккил ва таъсиси чунин механизм ҳамчун авлавият нигаронида шудааст.
Ин тасмим ҳолатҳоеро аз байн хоҳад бурд, ки муҳоҷири корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия аз кор дар як ширкат, ки хароҷоти ба кор гирифтани ӯ, аз ҷумла арзиши чиптаҳои ҳавопаймоиро ба дӯш гирифтааст, даст кашида, ба дигараш мегузарад.
Ба ин тартиб, ҳолатҳои ворид шудан ба Русия аз ҷониби шахсоне, ки бо истифода аз даъвати муташаккилона мехоҳанд ғайриқонунӣ дар кишвар бимонанд, истисно карда мешаванд.