https://sputnik.tj/20240328/mirzonabot-narkh-rohkiro-vmkb-tanzm-1062251800.html
Мирзонабот хост нархи роҳкиро дар ВМКБ танзим шавад
Мирзонабот хост нархи роҳкиро дар ВМКБ танзим шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз раисони шаҳру ноҳияҳо хост, дар доираи имконот роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ доштаро таъмин кунанд
2024-03-28T18:00+0500
2024-03-28T18:00+0500
2024-03-28T18:00+0500
дар тоҷикистон
вмкб
нақлиёт
алишер мирзонабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054448390_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_656ba00a5dc01a224c36cfa155ee897d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласа бо ҳузури раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он масъалаи танзими ҳаракати нақлиёт баррасӣ гардид.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Алишер Мирзонабот зимни баррасии ин масъала таъкид намуд, ки ҳамасола аз буҷети Ҳукумат ва вилоят маблағи муайян барои таъмири роҳҳо ҷудо мегардад, ки онҳо бояд мақсаднок истифода карда шаванд.Ӯ аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ - Кулмаро зикр намуд, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ ва таъмиргарӣ аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон идома дорад.Қайд гардид, ки марҳила ба марҳила роҳҳои ҳудуди вилоят пурра азнавсозӣ мегарданд.Раиси ВМКБ дастовардҳои соли вилоятро ном бурдДар ҳамин ҳол, раиси вилоят аз раисони шаҳру навоҳӣ дархост намуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаро таъмир кунанд.Дар индома Мирзонабот масъулини Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят, корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" ва шуъбаи зиддиинҳисориро вазифадор намуд, ки барои ба танзим даровардани нархи роҳкиро дар хатсайрҳои амалкунанда чораҷӯӣ намоянд.Супориш дода шуд, ки атрофи роҳҳо бояд кабудизоркунӣ шавад ва ҳамчунин дар ҳар як ноҳия ҳамшафати роҳҳо дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шаванд.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054448390_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_ed919ccdd81e52ca4d8cae54e8876c5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзонабот роҳкиро вмкб
Мирзонабот хост нархи роҳкиро дар ВМКБ танзим шавад
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз раисони шаҳру ноҳияҳо хост, дар доираи имконот роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ доштаро таъмин кунанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласа бо ҳузури раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он масъалаи танзими ҳаракати нақлиёт баррасӣ гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Алишер Мирзонабот зимни баррасии ин масъала таъкид намуд, ки ҳамасола аз буҷети Ҳукумат ва вилоят маблағи муайян барои таъмири роҳҳо ҷудо мегардад, ки онҳо бояд мақсаднок истифода карда шаванд.
Ӯ аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ - Кулмаро зикр намуд, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ ва таъмиргарӣ аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон идома дорад.
Қайд гардид, ки марҳила ба марҳила роҳҳои ҳудуди вилоят пурра азнавсозӣ мегарданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят аз раисони шаҳру навоҳӣ дархост намуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаро таъмир кунанд.
Дар индома Мирзонабот масъулини Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят, корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" ва шуъбаи зиддиинҳисориро вазифадор намуд, ки барои ба танзим даровардани нархи роҳкиро дар хатсайрҳои амалкунанда чораҷӯӣ намоянд.
Супориш дода шуд, ки атрофи роҳҳо бояд кабудизоркунӣ шавад ва ҳамчунин дар ҳар як ноҳия ҳамшафати роҳҳо дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шаванд.