https://sputnik.tj/20240209/rais-vmkb-dastovard-sol-viloyat-1061631233.html
Раиси ВМКБ дастовардҳои соли вилоятро ном бурд
Раиси ВМКБ дастовардҳои соли вилоятро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2023, дар маҷмуъ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон беш аз 400 иншоот сохта шуда, бунёди даҳҳо иншооти саноатии дигар дар назар аст
2024-02-09T16:56+0500
2024-02-09T16:56+0500
2024-02-09T16:56+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вмкб
алишер мирзонабот
ишкошим
рӯшон
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054448390_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_656ba00a5dc01a224c36cfa155ee897d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Барои соҳаи сохтмон, аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ВМКБ соли гузашта қариби 1,3 млрд сомонӣ равона шуда, дар маҷмуъ дар ҳудуди вилоят давоми сол 423 иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин бора раиси ВМКБ, Алишери Мирзонабот зимни ҷаласа бо ҳузури масъулини вилоят иттилоъ дод. Вай афзуд, дар маҷмуъ дар назар аст, ки дар соли 2024 боз 250 объекти дигар ба истифода дода шаванд. "Аз он ҷумла, айни ҳол сохтмони парки инноватсионии технологӣ дар шаҳри Хоруғ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар ноҳияи Ванҷ, хоҷагиҳои моҳидории ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон аз ҷумлаи онҳо мебошанд", - илова намуд Мирзонабот.Дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ бозсозии варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони варзишгоҳҳои марказӣ дар ноҳияҳои Ишошиму Рӯшон идома доранд. Зимни суҳбат дар бораи кори кишоварзон, таъкид гардид соли гузашта аз ҷумла беш аз 25 ҳазор тонна картошка, қариби 23,6 ҳазор тон мева, 7,7 ҳазор тонна ғалладонагӣ ва 12 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд.
https://sputnik.tj/20240208/vazir-maslihat-mardum-shakari-asal-1061606823.html
вмкб
ишкошим
рӯшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054448390_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_ed919ccdd81e52ca4d8cae54e8876c5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вилояти мухтори куҳистони бадахшон, дастовард, иншоот, саноатӣ
вилояти мухтори куҳистони бадахшон, дастовард, иншоот, саноатӣ
Раиси ВМКБ дастовардҳои соли вилоятро ном бурд
Соли 2023, дар маҷмуъ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон беш аз 400 иншоот сохта шуда, бунёди даҳҳо иншооти саноатии дигар дар назар аст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Барои соҳаи сохтмон, аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ВМКБ соли гузашта қариби 1,3 млрд сомонӣ равона шуда, дар маҷмуъ дар ҳудуди вилоят давоми сол 423 иншоот ба истифода дода шуд.
Дар ин бора раиси ВМКБ, Алишери Мирзонабот зимни ҷаласа бо ҳузури масъулини вилоят иттилоъ дод.
"Соли сипаришуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 220 нафар бо ҷойи доимии корӣ таъмин шуданд. Соли 2024 бошад, зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст", - гуфт раис.
Вай афзуд, дар маҷмуъ дар назар аст, ки дар соли 2024 боз 250 объекти дигар ба истифода дода шаванд.
"Аз он ҷумла, айни ҳол сохтмони парки инноватсионии технологӣ дар шаҳри Хоруғ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар ноҳияи Ванҷ, хоҷагиҳои моҳидории ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон аз ҷумлаи онҳо мебошанд", - илова намуд Мирзонабот.
Дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ бозсозии варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони варзишгоҳҳои марказӣ дар ноҳияҳои Ишошиму Рӯшон идома доранд.
Зимни суҳбат дар бораи кори кишоварзон, таъкид гардид соли гузашта аз ҷумла беш аз 25 ҳазор тонна картошка, қариби 23,6 ҳазор тон мева, 7,7 ҳазор тонна ғалладонагӣ ва 12 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд.