Алиев боварӣ дорад, террористҳои ба “Крокус” ҳамла карданд, ҷазои сахт хоҳанд гирифт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЗаседание ВЕЭС под председательством президента РФ В. Путина
Заседание ВЕЭС под председательством президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Обуна шудан
Илҳом Алиев дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин гуфт, мардуми Озарбойҷон бо мардуми Русия дар Рӯзи мотам ҳамдарданд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, таъкид кард, ки тамоми сокинони Озарбойҷон дар рӯзи мотам вобаста ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” бо мардуми Русия ҳамдард ҳастанд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Кремл.
Вай изҳори боварӣ кард, ки ҳамаи афроде, ки дар ин амали террористӣ даст доштанд шадидан муҷозот хоҳанд шуд.
"Дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи консертии “Крокус Сити Холл”-ро, ки ҷони беш аз сад сокини осоиштаро гирифт, шадидан маҳкум кард. Ӯ ба аҳли оила ва наздикон осебдида ҳамдардии амиқ баён кард ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтар кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Илҳом Алиев ҳамчунин таъкид кард, ки тамоми сокинони Озарбойҷон дар ин рӯзи мотами миллӣ бо мардуми Русия ҳамдарданд ва изҳори итминон кард, ки ҷинояткорон ва онҳое, ки пушти онҳо меистанд, муҷозоти шадид хоҳанд шуд.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2024
Раҳмон ба Путин: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”
Путин ба раҳбари Озарбойҷон барои дастгирӣ изҳори сипос кард ва омодагии ӯро барои таҳкими ҳамкориҳо дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар изҳор дошт.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.
Лентаи хабарҳо
0