https://sputnik.tj/20240324/rahmon-putin-terroriston-millat-vatan-etiqod-1062188890.html
Раҳмон ба Путин: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”
Раҳмон ба Путин: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия кирдори террористии золимонаи хунинро дар "Крокус Сити Холл" қатъиян маҳкум кард
2024-03-24T16:13+0500
2024-03-24T16:13+0500
2024-03-24T16:13+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
суҳбати телефонӣ
маҳкум
амали террористӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049600733_113:333:1739:1247_1920x0_80_0_0_914af8397a12038a2e7a78285d266d5b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Манбаъ қайд кардааст, ки дар рафти суҳбат кишвардори Тоҷикистон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи "Крокус Сити Холл" қатъиян маҳкум карда, таъкид намудааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуд.Илова бар ин ҷонибҳо, ҳамчунин, зимни суҳбати телефонӣ рағбати худро барои идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.Тарафҳо ба минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо қайд намуданд.Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.
https://sputnik.tj/20240324/konsul-tojikiston-terrorizm-dahshat-maghlub-1062183448.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049600733_243:298:1663:1363_1920x0_80_0_0_0bd1d251ed7d46313e0e3eca441dc221.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, владимир пқтин, суҳбат телефонӣ, амали террористӣ, маҳкум
тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, владимир пқтин, суҳбат телефонӣ, амали террористӣ, маҳкум
Раҳмон ба Путин: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия кирдори террористии золимонаи хунинро дар "Крокус Сити Холл" қатъиян маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар рафти суҳбат кишвардори Тоҷикистон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи "Крокус Сити Холл" қатъиян маҳкум карда, таъкид намудааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуд.
“Раҳбари кишвар дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуд”, - зикр кардааст манбаъ.
Илова бар ин ҷонибҳо, ҳамчунин, зимни суҳбати телефонӣ рағбати худро барои идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.
Тарафҳо ба минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо қайд намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.