Яккачини Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ дар сафар шикаст хӯрд

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана
Сборная Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Обуна шудан
Ҳамакнун дар бозиҳои даври чаҳоруми гуруҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Арабистони Саудӣ дигарбора дар Душанбе рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон аз яккачини Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд.
Ин бозии даври сеюми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 буд, ки бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи мизбонон анҷом шуд.
Рақобати миллипӯшони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон шаби 21-уми март дар дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз, сурат гирифт.
Ягона голи дидорро сарвони мунтахаби Арабистон Салим Ал-Довсарӣ дар дақиқаи 23-юм ба ҳадаф расонид.
Бо вуҷуди бозии босифати миллипӯшони тоҷик чанд лаҳзаҳои муваффақ, ки бештараш дар дар даври дуюм буд, доштанд, аммо истифода карда натавонистанд.
 Николай Лазеревич, сармураббии нави тими Истиқлол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
"Истиқлол"-и Душанбе сармураббии нав ёфт: ӯ кист?
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин бозии яккачини кишвар таҳти раҳбарии мураббии нав Гела Шекиладзеи гурҷӣ мебошад.
Мунтахаби Тоҷикистон бо ин бохт аз се имтиёз маҳрум гардид.
Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқот дар гурӯҳи “G” қарор дорад, ки ҳамакнун дар садри он саудиҳо бо касби 9 имтиёз, Тоҷикистону урдун бо чаҳоримтиёзӣ дар зинаҳои дуюм ва сеюм, Покистон бошад, имтиёз надорад ва дар охири ҷадвал аст.
Ҳамакнун дар бозиҳои даври чаҳоруми гуруҳ мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Арабистони Саудӣ дигарбора рақобат мекунад.
Ин дидор 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.
Лентаи хабарҳо
0