"Истиқлол"-и Душанбе сармураббии нав ёфт: ӯ кист?

© КФ "Истиқлол" Николай Лазеревич, сармураббии нави тими "Истиқлол"
 Николай Лазеревич, сармураббии нави тими Истиқлол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Обуна шудан
Мураббиро дар "Истиқлол" собиқ сарвони даста Дилшод Восиев кӯмак хоҳад кард ва корашро бо дарвозабонҳо мутахассиси рус Дмитрий Тяпушкин идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Сармураббии нави тими "Истиқлол" мутахассиси 46-солаи серб Николай Лазеревич таъйин шуд
Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти клуби футболи пойтахт номзадии сармураббии навро тасдиқ кард.
"Мӯҳлати шартномаи ҳамкорӣ бо мураббӣ як солро дар бар мегирад", - афзудааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки Лазаревич дар ин мақом Игор Черевченкоро иваз кард, ки бошгоҳро дар мавсими гузашта тамрин дода буд.
Гуфта мешавад, ки Лазаревич бо ҳайаташ Предраг Пешич ва Ҷорҷи Коралич, ки ҳамватанаш мебошанд, ба тим омад.
Ҳамчунин Лазаревичро дар "Истиқлол" собиқ сарвони даста Дилшод Восиев кӯмак хоҳад кард ва корашро бо дарвозабонҳо мутахассиси рус Дмитрий Тяпушкин идома медиҳад.
Главный тренер сборной Таджикистана по футболу Гела Шекиладзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Мутахассиси гурҷӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд
Тими "Истиқлол" барои Лазаревич бегона нест, зеро солҳои пеш дар бошгоҳ ва мунтахаби миллии Тоҷикистон ӯ вазифаи мураббии омодагии ҷисмониро иҷро мекард.
Ӯ 29 январи соли 1978 дар Сербия таваллуд шуда, дорандаи литсензияи мураббигии Pro аст.
Ҳамчун мураббӣ дар клубҳои “Раднички” (Сербия), “Шенжен”, БСУ (ҳарду Чин), “Ал-Таавун” (Арабистони Саудӣ) ва КФ “Кизилқум”-и Узбекистон фаъолият кардааст.
Лентаи хабарҳо
0