Дар Екатеринбург нуқтаи савдои чойи нодири тоҷикӣ кушода шуд

© Sputnik ТаджикистанКолорит Центральной Азии в самом сердце Москвы: в ГУМе проходит выставка-продажа "Шелковый путь"
Колорит Центральной Азии в самом сердце Москвы: в ГУМе проходит выставка-продажа Шелковый путь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Обуна шудан
Ифтитоҳи нуқтаи фурӯш ба шарофати ҳамкории вилояти Свердловск дар ҳамдастӣ бо ширкати маҳаллии "Тоҷ бозор" имконпазир гардид
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Екатеринбург як нуқтаи савдо бо чойи нодири тут аз Тоҷикистон кушода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати равобити иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷии вилояти Свердловск хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки акнун сокинони ин шаҳри Русия низ метавонанд меваи хушк, чормағз ва шириниҳои суннатии тоҷикиро харидорӣ кунанд.
"Мо яксола шудем. Дар назари аввал ин чандон тӯлонӣ нест, аммо барои мо хеле муҳим аст. Вазифаи мо ин аст, ки танҳо маҳсулоти беҳтарин ва табиӣ аз Тоҷикистону Эронро пешниҳод кунем", - гуфт соҳибкор Зуҳал Муродов.
Ин ба шарофати ҳамкории минтақа бо ширкати маҳаллии "Тоҷ-бозор" имконпазир гардид, таъкид кард Дмитрий Васков, сардори шӯъбаи Вазорати равобити иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷии вилояти Свердловск.
"Дар як соли охир ширкати "Тоҷ-бозор" роҳи дурро тай кард, бори аввал дар ярмаркаи "Ирбит" чой муаррифӣ шуда, ба губернатор Евгений Куйвашев пешниҳод гардид ва имрӯз сокинони вилоят метавонанд бо маҳсулоти шарикони мо шинос шаванд",- қайд намуд ӯ.
Қаблан чой дар бозорҳо пешниҳод мешуд ва аллакай харидори аввалини худро пайдо кардааст, афзудааст манбаъ.
"Русия имкони ҳадди аксар худмуаррифиро фароҳам меорад. Муҳим он аст, ки ифтитоҳ дар рӯзи ҷашни миллии Наврӯз сурат мегирад. Арзишҳои ду кишвар ба ҳам мепайванданд ва эҳтироми ҳамоҳанг доранд. Ин тасодуфӣ нест", - афзуд консули Генерали Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода.
“Барометр счастья” в онлайм-режиме измеряет настроение жителей Екатеринбурга.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Дар Екатеринбург маркази тиббӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон бунёд мегардад
Ёдовар мешавем, ки диаспораи тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия ният дорад, маркази тиббии худро барои хидмат ба ҳамватанон боз кунанд, гуфт консули генералии ҷумҳурӣ дар пойтахти Урал Сайидзода.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни гуфтушунид бо директори клиникаи хусусии "Технологияҳои нав" Тарас Стахов муаррифии ҳамаҷонибаи ин ташаббус сурат гирифт.
Дар сурати мусбат ҳал шудани масъала диаспораи тоҷикон метавонад соҳиби ин марказ шавад.
Ҳамин тариқ, имкон пайдо мешавад, ки муассисаҳои тиббии хусусӣ барои хидматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ихтисос дода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0