Дар Екатеринбург маркази тиббӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон бунёд мегардад

© Sputnik “Барометр счастья” в онлайм-режиме измеряет настроение жителей Екатеринбурга.
“Барометр счастья” в онлайм-режиме измеряет настроение жителей Екатеринбурга.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Шояд муассисаи тиббии хусусиро барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ махсус гардонидан мумкин бошад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Диаспораи тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия қасд дорад, Маркази тиббии худро барои хидмат ба ҳамватанонаш дастрас кунад.
Дар ин бора консули генералии ҷумҳурӣ дар Екатеринбург Зафар Сайидзода изҳор дошт.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни гуфтушунид бо директори Маркази тиббии хусусии "Технологияҳои нав" Тарас Стахов муаррифии ҳамаҷонибаи ин ташаббус сурат гирифт.
Дар сурати мусбат ҳал шудани масъала диаспораи тоҷик метавонад соҳиби ин марказ шавад. Ин имкон медиҳад, ки муассисаҳои тиббии хусусӣ барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ махсус гардонда шавад.
Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Дар Хоруғ Маркази фарҳанги Русия боз мешавад
Қаблан дар бемористони низомии Екатеринбург сӯҳбате дар бораи дӯстии Тоҷикистону Русия сурат гирифт.
Ҳамраиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳиявии назди Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар шаҳри Русия Ёқубҷон Умаров аз шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи собиқадорони ҳарбии Екатеринбург дидан кард.
Як ходими ҷамъиятии диаспораи тоҷикони маҳаллӣ бо мудири шӯъбаи ҷарроҳии бемористон Галина Зобина ва табиби тоҷик Ҷамшед Ҷабборов суҳбати самимӣ ва дӯстона анҷом дод. Дар бораи зарурияти дар хамаи сохахои хаёт мустахкам намудани дустии точику рус сухан ронданд.
Лентаи хабарҳо
0