https://sputnik.tj/20240322/boloravi-narkh-ghizo-ramazon-gila-sokinon-sharh-video--1062158779.html
Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Рамазон: гилаи сокинону шарҳи фурӯшандаҳо – видео
Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Рамазон: гилаи сокинону шарҳи фурӯшандаҳо – видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд болоравии қимати маводи ғизоӣ мушоҳида мешавад, ки харидоронро нигарон кардааст, аммо тоҷирон низ сабаби худро пеш меоранд
2024-03-22T18:25+0500
2024-03-22T18:25+0500
2024-03-22T18:53+0500
видео
хуҷанд
нархи қимат
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/16/1062159903_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_baab8878e95a545dcbb6dfc1fc16693d.jpg
Сокинони Хуҷанд мегуянд, нархи баъзе анвоъи хурокворӣ дар бозорҳои Суғд боло рафтааст Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд рафт ва аз хариддорону фурӯшандаҳо дар бораи вазъ пурсид. Зимни суҳбат сокинон гуфтанд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввала гарон шудааст.Ба гуфтаи онҳо, дар ин авохир нархи биринҷ 20 сомонӣ, орд 300 сомонӣ, шакар 14- 15 сомонӣ ва тухм то 2 сомонӣ баланд шудааст.Инобат Муродова, сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, ба мушоҳидаи ӯ бо шурӯъ шудани моҳи Рамазон нархи биринҷ ва гӯшт дар фурӯшгоҳҳо баланд шудааст. Ба гуфтаи сокини дигари шаҳр Юсуфҷон Юсупов,, нархи гӯшт (лаҳм) дар бозорҳо то 90 сомонӣ мерасад. “Ду се рӯз пеш гӯшт 65 -75 сомонӣ буд, ҳоло аз 85 ҳам боло шуда ба 90 сомонӣ баробар шудааст. Хуб мешуд, ки нархҳо дар моҳи муборак арзон шаванд” – гуфт мавсуф. Усмонхӯҷа Дадохӯҷаев, биринҷфурӯш дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, баландшавии нархи маҳсулотро таъйид карда, сабабашро камбуди воридот ба бозор медонад.Гарон нафурӯшед: Мақомот нарх дар бозорҳои Хатлонро дар моҳи Рамазон зери назорат мегирад“Биринҷ ба бозор кам ворид шуда истодааст, аз ҳамин ҳисоб нарх баланд шудааст. Худи деҳқонҳо ба мо 18 – 19 сомонӣ медиҳанд, мо болои ин як сомонӣ монда мефурӯшем. Кишти шолӣ ҳам кам шудаст мегӯянд. Агар мол бештар ворид шавад, нархи он арзон мешавад” - гуфт, биринҷфурӯш. Дар ҳамин ҳол, рӯҳониён таъкид меварзанд, ки барқасдона гарон фурӯхтани маҳсулот хилофи шариати динӣ буда, фоидаи аз он ба даст омадаро ҳаром медонанд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/16/1062159903_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_3c191e12b7498dd2bb9ed52942ecee36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
болоравӣ нарх мавод ғизо рамазон гила сокинон шарҳ фурӯшандаҳо видео
болоравӣ нарх мавод ғизо рамазон гила сокинон шарҳ фурӯшандаҳо видео
Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Рамазон: гилаи сокинону шарҳи фурӯшандаҳо – видео
18:25 22.03.2024 (Навсозишуда: 18:53 22.03.2024) Дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд болоравии қимати маводи ғизоӣ мушоҳида мешавад, ки харидоронро нигарон кардааст, аммо тоҷирон низ сабаби худро пеш меоранд
Сокинони Хуҷанд мегуянд, нархи баъзе анвоъи хурокворӣ дар бозорҳои Суғд боло рафтааст
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд рафт ва аз хариддорону фурӯшандаҳо дар бораи вазъ пурсид.
Зимни суҳбат сокинон гуфтанд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввала гарон шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, дар ин авохир нархи биринҷ 20 сомонӣ, орд 300 сомонӣ, шакар 14- 15 сомонӣ ва тухм то 2 сомонӣ баланд шудааст.
Инобат Муродова, сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, ба мушоҳидаи ӯ бо шурӯъ шудани моҳи Рамазон нархи биринҷ ва гӯшт дар фурӯшгоҳҳо баланд шудааст.
“Ба фарқ аз сабзавотҳо, нархи биринҷ, гӯшт ва орду равған дар моҳи шарифи Рамазон баланд шудааст. Биринҷ 12- 14 сомонӣ буд, ҳоло 18 – 20 сомонӣ шудааст” - гуфт, ӯ.
Ба гуфтаи сокини дигари шаҳр Юсуфҷон Юсупов,, нархи гӯшт (лаҳм) дар бозорҳо то 90 сомонӣ мерасад.
“Ду се рӯз пеш гӯшт 65 -75 сомонӣ буд, ҳоло аз 85 ҳам боло шуда ба 90 сомонӣ баробар шудааст. Хуб мешуд, ки нархҳо дар моҳи муборак арзон шаванд” – гуфт мавсуф.
Усмонхӯҷа Дадохӯҷаев, биринҷфурӯш дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, баландшавии нархи маҳсулотро таъйид карда, сабабашро камбуди воридот ба бозор медонад.
“Биринҷ ба бозор кам ворид шуда истодааст, аз ҳамин ҳисоб нарх баланд шудааст. Худи деҳқонҳо ба мо 18 – 19 сомонӣ медиҳанд, мо болои ин як сомонӣ монда мефурӯшем. Кишти шолӣ ҳам кам шудаст мегӯянд. Агар мол бештар ворид шавад, нархи он арзон мешавад” - гуфт, биринҷфурӯш.
Дар ҳамин ҳол, рӯҳониён таъкид меварзанд, ки барқасдона гарон фурӯхтани маҳсулот хилофи шариати динӣ буда, фоидаи аз он ба даст омадаро ҳаром медонанд.