Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия пирӯз шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВ. Путин встретился с доверенными лицами в избирательном штабе.
В. Путин встретился с доверенными лицами в избирательном штабе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2024
Обуна шудан
Кумитаи марказии интихоботи Русия бо эъломи натоиҷи ниҳоии раъйгирӣ Владимир Путинро расман раисҷумҳури ин кишвар эълом кард
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Кумитаи марказии интихоботи Русия натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кард.
"Бо шумориши ҳама раъйҳо ба ин натиҷа даст ёфтем, ки Владимир Путин бо дарёфти 87,28% аз раъйҳо дар ин интихобот пирӯз шудааст", — эълом кард Элла Памфилова, раиси Кумитаи марказии интихоботи Русия.
Вай афзуд, ки дар ин интихобот ба Владимир Путин ё 76 млн. 277 ҳазору 708 нафар раъйдиҳандагон овоз доданд.
Бино ба гузориши Кумитаи марказии интихобот, ки дар ин раъйгирӣ 77,49% аз кулли шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй ширкат кардаанд ва 87 милиону 576 ҳазору 075 раъйдиҳанда ба Владимир Путин раъй додаанд.
Ин панҷумин бор аст, ки Владимир Путин раисҷумҳури Русия интихоб мешавад. Торихи баргузории ойини ёдкарди савгади кишвардорӣ имрӯз эълом карда хоҳад шуд.
Выборы президента России в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2024
Интихоботи президентии Русия дар қитъаҳои интихоботии Тоҷикистон чӣ гуна гузашт
Бар асоси ин гузориш, Николай Харитонов аз Ҳизби коммунисти Русия 4,31% (3 768 470 нафар), Владимир Даванков, номзади Ҳизби Одамони нав 3,85% (3 362 484 нафар) ва Леонид Слутский аз Ҳизби либерол-демократи Русия 3,20% (2 795 629 нафар) аз раъйҳоро ба даст овардаанд.
Дар ин интихобот, ки се рӯ аз 15, 16 ва 17-уми март дар Русия ва 145 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, чаҳор номзад ба симати раёсати ҷумҳурӣ бо якдигар рақобат доштанд. Бар ин интихобот 1115 нозир аз 129 кишвар назорат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0