Интихоботи президентии Русия дар қитъаҳои интихоботии Тоҷикистон чӣ гуна гузашт

© SputnikВыборы президента России в Таджикистане
Выборы президента России в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2024
Обуна шудан
Раванди интихобот дар Душанбе ва Хуҷанд бо иштироки фаъоли интихобкунандагон ва вокуниши мусбати нозирони тоҷик сурат гирифт.
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Русия нахустин интихоботи серӯзаи президентӣ дар таърихи ин кишвар ба поён расид. Аммо онҳо на танҳо ба қаламрави Федератсияи Русия таъсир расониданд, - русиягиҳо дар хориҷа дар қитъаҳои интихоботӣ ҳангомаи бесобиқа ба вуҷуд оварданд.
Интихоботи Русия бахусус ба Тоҷикистон таъсиргузор буд, зеро ин ҷумҳурӣ яке аз камтарин кишварҳоест, ки бо Русия тавофуқи расмӣ дар бораи душаҳрвандӣ дорад.
Ин ба он маъност, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи ду даҳаи ахир шиносномаи Русия гирифта буданд, имкони ширкат дар интихоботи охирин доштанд.
Раванди овоздиҳӣ маҳз чӣ гуна сурат гирифт ва дар бораи натоиҷи он чӣ маълум аст, дар матлаби Sputnik Тоҷикистон оварда шудааст.
Овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботӣ чӣтавр гузашт?
Навбат дар қитъаи консулгарии Русия дар Душанбе пас аз ифтитоҳи он соати 8-и субҳ пайдо шуд. Аммо раванди интихобот нисбатан зуд ва бидуни таъхир ҷараён гирифт - ҳама тавонистанд ҳам дар пойтахт ва ҳам дар қитъаи интихоботии Хуҷанд овоз диҳанд.
Заглушка к инфографике Предварительные итоги выборов президента РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Раъйдиҳандагон дар Тоҷикистон Путинро интихоб карданд: Омори расмӣ
Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия, иштироки умумии интихобкунандагон дар интихобот, аз ҷумла тавассути овоздиҳии электронии фосилавӣ, 77,44% ташкил дод, ки баландтарин нишондод дар таърихи Русияи муосир ба шумор меравад.
Аммо дар муқоиса бо интихоботи солҳои қаблӣ, тафовут дар худи вазъи байналмилалӣ буд, - ин аввалин интихоботи густурда таҳти фишори Ғарб буд ва таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳон ба тартиби овоздиҳӣ бештар шуд.
Аз ин рӯ, дар хориҷи кишвар ташкили овоздиҳиишаффоф ва бидуни иғво як масъалаи обрӯ ва ҳатто эътибори байналмилалӣ буд.
Барои таъмини ин ба Русия нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба таври васеъ ҷалб карда шуданд.
"Аз ибтидои моҳи март мо ба арзёбии ҷараёни омодагӣ ба овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Федератсияи Русияро шурӯъ намуда, ҳам маъракаи пешазинтихоботӣ ва ҳам механизми овоздиҳии фосилавӣ, ки дар ҷаҳон ҳамсон надорад, мушоҳида кардем. Ҳама дар сатҳи хеле баланд гузашт", - қайд мекунад Абдухалил Ғафурзода, нозир аз Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ.
Ба таҷрибаи овоздиҳии онлайн аз ҷониби намояндагони ҷумҳурӣ, ки ҷараёни интихоботро назорат кардаанд, умуман баҳои баланд дода шуд.
Интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт - видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Рекорду навбатҳои тӯлонӣ: Раъйдиҳии шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон - видео
"Ин навъи овоздиҳӣ, ки ҳоло дар Федератсияи Русия гузаронида мешавад, як равиши хуб аст, зеро барои бисёриҳо овоздиҳии фосилавӣ хеле қулайтар аст, мо ин таҷрибаро мушоҳида кардем ва ба инобат мегирем", - гуфт вакили парлумони Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода.
Дар Тоҷикистон танҳо раъйдиҳӣ тавассути варақаҳороҳандозӣ шуд, аммо оншавқу рағбати шаҳрвандонро коҳиш надод. Тибқи натоиҷи шумориши такрорӣ, теъдоди раъйдиҳандагон бо интихоботи соли 2018 муқоиса гардид, ки 9500 нафар интихобкунанда имсол ва 6 сол пеш қариб 9700 нафар интихобкунандагонро ташкил дод. Гузашта аз ин, ҳар ду дафъа кишвар аз рӯи шумораи интихобкунандагон дар хориҷа дар қатори сегонаи беҳтарин буд.
Дар Душанбе ва Хуҷанд интихобот бидуни ҳодиса ва аз рӯи фикру мулоҳизаҳои бархе аз интихобкунандагон, дар байни шаҳрвандон хеле мусбат сурат гирифт.
"Имрӯз барои мо, - ҳамватанон дар Тоҷикистон рӯзи аҷоиб ва фараҳбахш аст, — қайд кард яке аз интихобкунандагон Римма Хамзина.
Барои дигарон, ки кору оилаашон бо ҳарду кишвар иртибот доранд ва ин аз бисёр ҷиҳат ба аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ дахл дорад, имкони ширкат дар интихоботишарики асосии стратегӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон муҳим буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Раҳмон ба Путин занг заду пирӯзияшро дар интихобот табрик кард
"Рафтан ба интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст, ки дар назди ин кишвар масъулият ҳис мекунад. Аз ин рӯ, овоз додан ҳатмист. Ин ҳоло махсусан муҳим аст, зеро ҳамаи мо медонем, ки дар ҷаҳон чӣ рух медиҳад. Умедворам, ки Русия тавоно боиси ба эътидол омадани вазъ дар ҷаҳон мегардад,” - қайд кард интихобкунанда Сайфулло Муродов.
Интихобот барои Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
Дар робита ба вазъи байналмилалӣ, интихобот дар Русия воқеан барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.
Бесабаб нест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи аввалин сарони давлатҳо шуда, дар миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалинВладимир Путинро ба муносибати дубора интихоб шуданаш табрик гуфта, ба ӯ "дар татбиқи нақшаҳояш ба хотири беҳбудӣ комёбиҳои навубузург бахри беҳбудӣ ва гулгулшукуфии Русияи бародар орзу кардааст.
Аввалан, тавре дар Сафорати Русия қайд карданд, иштироки зиёди мардум ҳам таваҷҷӯҳи интихобкунандагони душаҳрвандӣдоштароба сарнавишти Русия ва ҳам робитаи наздики мардуми ду кишварро нишон дод.
Выборы президента России в регионах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Одилонаву шаффоф: Арзёбии нозирони ИДМ аз баргузории интихоботи президентии Русия
"Мо сатҳи баланди муташаккилии онҳоеро, ки ба қитъаҳои интихоботӣ омада буданд ва дастгирии беандозаеро, ки мақомоти Тоҷикистон дар ин кор ба мо расонидаанд, қайд мекунем. Овоздиҳӣ ба таври равшан, бидуни ҳодиса, дар мавҷи мусбат сурат гирифт ва ин хеле хуб аст. Рӯзи муҳим барои равобити Русияву Тоҷикистон ва шаҳрвандони муқими Русия ва Тоҷикистон, - қайд кард сафир-мушовири сафорат Вера Хуторская.
Сониян, натоиҷи ниҳоии интихобот маънои ҳифз ва идомаи роҳи кунунии ҳукумати Русияро нисбат ба ҷумҳурӣ, яъне тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмию омӯзишӣ дорад.
Ин маънои сармоягузориҳои нав, имконоти тиҷорат ва дурнамои бештар барои насли ҷавони тоҷик аст.
Лентаи хабарҳо
0