Аз Ҷинпин то Назарбоеву Салмон. Паёми шодбошии 10 роҳбар ба Эмомалӣ Раҳмон

© Foto / пресс-служба главы РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2024
Обуна шудан
Ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон аз номи роҳбарони 10 кишвари дунё номаи табрикӣ ба муносибати Наврӯз ирсол гардид
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Аз номи як қатор сарони давлатҳо ва собиқ раисони ҷумҳур ба унвони Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шодбошии наврӯзӣ ирсол гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистонро ҳамтоёни амрикоӣ ва чиноии ӯ, Ҷо Байден ва Си Ҷинпин муборакбод намуданд.
Раҳбари Чин дар номаи худ рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистонро баланд қадр намуда ва омодаи таъмиқи ҳамкории ҳамаҷонибаи шудааст.
Зимнан президенти Амрико Ҷо Байден низ дар мактуби ирсолнамудаи худ таъкид намудааст, ки миллатҳои ду кишвар соли гузашта ба таври ҳамбастагӣ ҳамкориҳоро ҷиҳати афзунгардонии ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳаллу фасли буҳрони иқлимӣ таҳким бахшиданд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2024
Маскав ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ гирифтааст
Вай таъкид кардааст, ки маъмурияти ӯ пойбанди ҳамёрӣ дар пешбурди сулҳу амният ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ боқӣ хоҳад монд.
"Дар айёми оғози ибтикорот ва имкониятҳои нав ман барои дарёфти роҳҳои ҷадиди амиқтар гардонидани шарикиамон талош хоҳам варзид", - гуфт Байден.
Аз миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ унвонии Раҳмон номаҳои шодбошии Шавкат Мирзиёев президенти Ӯзбекистон, Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ва ҳамчунин Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон расидаанд.
Мирзиёев пас аз шодбош гуфтани ҳамтои тоҷики худ ва кулли мардуми Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштаракамон муносибатҳои ду кишвар дар рӯҳияи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ минбаъд низ пайваста инкишоф хоҳанд ёфт..
Илова бар ин Эмомалӣ Раҳмонро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ ба муносибати Ҷашни Наврӯз табрик кардааст. Дар мактуби табрикотии Ҷабборов омадааст:
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2024
Раҳмон тоҷикистониёнро ба Наврӯз табрик кард
“Наврӯз нишонае аз анъана ва арзишҳои фарҳангии муштараки мардумони мо мебошад. Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни ду кишвар дар руҳияи эътимоди байниҳамдигарӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таҳким ва таъмиқ хоҳанд ёфт”, қайд кардааст Ҷабборов.
Ҳамчунин кишвардори тозаинтихоби Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, роҳбари Озарбойҷон илҳом Алиев, Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти Эрон Сайидиброҳим Раисӣ низ унвонии президенти Тоҷикистон номаи муборакбодӣ фиристоданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони раисҷумҳур идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0