Раҳмон тоҷикистониёнро ба Наврӯз табрик кард

© Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2024
Обуна шудан
Президенти кишвар мегӯяд, мақому ҷойгоҳи Наврӯз дар миёни мардуми Тоҷикистон чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати фарорасии Наврӯз сокинони кишварро табрик гуфт.
"Ҳамватанони азиз, ҳамдиёрони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди мамлакат тандурустӣ, зиндагии босаодат ва ба мардуми сайёра сулҳу оромӣ орзу менамоям”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти раҳбари кишвар.
Вай таъкид кард, ки нақши ҷашни Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни марди деҳқон – давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб меравад ва бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад.
Заглушка к инфографике Выходные дни в Таджикистане на Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Наврӯз: таърих ва анъанаҳои қадимтарини ҷашни баҳор
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки солҳои охир бо сабаби мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст.
“Дар кишвари мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 фоиз кам мебошад”, - қайд кард Раҳмон.
Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди кишвар ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барад.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
“Бовар дорам, ки дар соли нави аҷдодӣ мардуми сарбаланди мамлакат ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам бештар кор мекунанд ва заҳмат мекашанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш.
Лентаи хабарҳо
0