https://sputnik.tj/20240320/maskav-tajlili-jashn-navruz-omodagi-giriftaast-1062128698.html
Маскав ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ гирифтааст
Маскав ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Маскав мардумони зиёдеро аз кишварҳои мухталиф ҷамъ меорад ва барои онҳо консерт, намоишгоҳо ташкил карда мешавад
2024-03-20T17:41+0500
2024-03-20T17:41+0500
2024-03-20T19:25+0500
наврӯз
маскав
русия
дар тоҷикистон
таҷлил
ҷашн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044352_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_0ec60ba33a966498fe01a9d5eb204942.jpg
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Маскав барои таҷлил аз Рӯзи байналмилалии Наврӯз омодагӣ гирифтааст. Ин иди баҳор имсол 23 март бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии Маскав таҷлил мешавад.Мавзӯи асосии чорабинӣ арзишҳои оилавӣ хоҳад буд, зеро соли 2024 дар Русия Соли оила эълон шудааст.Пойтахти Русия ин ҷашнро 18-ум бор аст, ки ҷашн мегирад.Ба гуфтаи вай, минбаъд низ арзишҳо, фарҳанг ва расму оинҳои мардумӣ ва ба кӯдакон мерос мондани онҳо ҳифз шавад.Тамошобинон консерти идонаеро тамошо хоҳанд кард, ки дар он овозхонон ва дастаҳои раққосии тоҷикон, ӯзбекҳо, тоторҳо, қирғизҳо, бошқирҳо, курдҳо, чувашҳо иштирок мекунанд.Тоҷикистонро Ноҳиди Зейналпур ва ансамбли рақсии тоҷикии "Санам"-и Маскав ва ансамбли кӯдаконаи "Шохаҳои Помир" намояндагӣ мекунанд.Ҳунармандагони студияи Игор Моисеев "Рақси бошқирӣ"-ро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки сарояндаи маъруфи эстрадаи Русия, овозхони халқӣ Лев Лещенко суруд бихонад.Таҷлили Наврӯз ба таври маҷозӣ баргузор ва пахши мустақими он 23 март аз соати 14 то 20 дар сомонаи лоиҳа, инчунин дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва “ВКонтакте” метавон тамошо кард.Қарор аст дар ин ҷашн намоиши мӯд сурат бигирад, ки дар он либосҳои арӯсии мардумони таҷлилкунандаи Наврӯз намоиш дода шаванд.Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст.Наврӯз дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.ИН ҷашн инчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои миллӣ таҷлил мешавад.
https://sputnik.tj/20240320/rahmon-tojikistoniyon-navruz-tabrik-1062123119.html
https://sputnik.tj/20240320/chahor-nohiyai-poytakht-tabaqi-buzurgi-sabzai-sumanak-1062127978.html
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044352_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_c97061264c072dc4f9b09bf16d9f39af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, наврӯз, маскав, ҷашн, таҷлил, русия, консерт, маскав
тоҷикистон, наврӯз, маскав, ҷашн, таҷлил, русия, консерт, маскав
Маскав ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ гирифтааст
17:41 20.03.2024 (Навсозишуда: 19:25 20.03.2024) Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Маскав мардумони зиёдеро аз кишварҳои мухталиф ҷамъ меорад ва барои онҳо консерт, намоишҳо ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Маскав барои таҷлил аз Рӯзи байналмилалии Наврӯз омодагӣ гирифтааст.
Ин иди баҳор имсол 23 март бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии Маскав таҷлил мешавад.
Мавзӯи асосии чорабинӣ арзишҳои оилавӣ хоҳад буд, зеро соли 2024 дар Русия Соли оила эълон шудааст.
Пойтахти Русия ин ҷашнро 18-ум бор аст, ки ҷашн мегирад.
"Наврӯз як навъи "пули давру замон" аст. Ба ҳамин гуна алоқамандӣ ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии халқҳои мо такя мекунад, — гуфт сардори Департамент Виталий Сучков.
Ба гуфтаи вай, минбаъд низ арзишҳо, фарҳанг ва расму оинҳои мардумӣ ва ба кӯдакон мерос мондани онҳо ҳифз шавад.
Тамошобинон консерти идонаеро тамошо хоҳанд кард, ки дар он овозхонон ва дастаҳои раққосии тоҷикон, ӯзбекҳо, тоторҳо, қирғизҳо, бошқирҳо, курдҳо, чувашҳо иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро Ноҳиди Зейналпур ва ансамбли рақсии тоҷикии "Санам"-и Маскав ва ансамбли кӯдаконаи "Шохаҳои Помир" намояндагӣ мекунанд.
Ҳунармандагони студияи Игор Моисеев "Рақси бошқирӣ"-ро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки сарояндаи маъруфи эстрадаи Русия, овозхони халқӣ Лев Лещенко суруд бихонад.
Таҷлили Наврӯз ба таври маҷозӣ баргузор ва пахши мустақими он 23 март аз соати 14 то 20 дар сомонаи лоиҳа, инчунин дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва “ВКонтакте” метавон тамошо кард.
Қарор аст дар ин ҷашн намоиши мӯд сурат бигирад, ки дар он либосҳои арӯсии мардумони таҷлилкунандаи Наврӯз намоиш дода шаванд.
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст.
Наврӯз дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
ИН ҷашн инчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои миллӣ таҷлил мешавад.