https://sputnik.tj/20240320/chahor-nohiyai-poytakht-tabaqi-buzurgi-sabzai-sumanak-1062127978.html
Дар чаҳор ноҳияи пойтахт табақи бузурги сабзаи суманак гузошта шуд
Дар чаҳор ноҳияи пойтахт табақи бузурги сабзаи суманак гузошта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки дар чор ноҳияи пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак гузошта шудааст
2024-03-20T16:32+0500
2024-03-20T16:32+0500
2024-03-20T19:28+0500
дар тоҷикистон
суманак
наврӯз
ҷашн
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062127246_0:739:1536:1603_1920x0_80_0_0_0d2f5b5657dcdd90944ee6cef934cc5f.jpg
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ табақҳои сабзаи суманак дар ноҳияҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз гузошта шудаанд. Қайд карда шудааст, ки дар паҳлуи табақи сабзаи суманак дигар ороишоти ба ин ҷашн хос низ гузошта ва дар атрофи он сабзаю дарахтони пургул, сабадҳои гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб шудаанд. Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзие, ки дар Душанбе дар назар аст, барои як рӯз ба таъхир афтоданд.Тантанаҳои наврӯзӣ, мебоист рӯзҳои 21 ва 22 доир мешуд, аммо акнун рӯзи 23 март дар назар гирифта шудааст.Сабаб ҳавои тағйирёбанда дар пойтахт ва пешгӯии борони шадид гуфта шудааст.Ба иттилои шаҳрдорӣ, барномаҳои фарҳангии Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мегарданд.Дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.Барномаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар боғи Куруши Кабири, дар ноҳияи И.Сомонӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи ба номи А.Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайём тантанаҳои ноҳияи Сино баргузор мешаванд.Суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад.
https://sputnik.tj/20240320/rahmon-tojikistoniyon-navruz-tabrik-1062123119.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062127246_0:427:1536:1579_1920x0_80_0_0_f22cce81cef7f37c3277e887e4890c1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суманак, душанбе, ноҳия, табақ, наврӯз
тоҷикистон, суманак, душанбе, ноҳия, табақ, наврӯз
Дар чаҳор ноҳияи пойтахт табақи бузурги сабзаи суманак гузошта шуд
16:32 20.03.2024 (Навсозишуда: 19:28 20.03.2024) Мақомоти шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки дар чор ноҳияи пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак гузошта шудааст
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ табақҳои сабзаи суманак дар ноҳияҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз гузошта шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар паҳлуи табақи сабзаи суманак дигар ороишоти ба ин ҷашн хос низ гузошта ва дар атрофи он сабзаю дарахтони пургул, сабадҳои гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзие, ки дар Душанбе дар назар аст, барои як рӯз ба таъхир афтоданд.
Тантанаҳои наврӯзӣ, мебоист рӯзҳои 21 ва 22 доир мешуд, аммо акнун рӯзи 23 март дар назар гирифта шудааст.
Сабаб ҳавои тағйирёбанда дар пойтахт ва пешгӯии борони шадид гуфта шудааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, барномаҳои фарҳангии Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мегарданд.
Дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Барномаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар боғи Куруши Кабири, дар ноҳияи И.Сомонӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи ба номи А.Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайём тантанаҳои ноҳияи Сино баргузор мешаванд.
Суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад.