https://sputnik.tj/20240317/qarzi-shahrvandii-raydihanda-dushanbe-intikhobot-1062082415.html
”Қарзи шаҳрвандии ҳар як фард”: Раъйдиҳанда дар Душанбе ҷараёни интихоботро шарҳ дод
”Қарзи шаҳрвандии ҳар як фард”: Раъйдиҳанда дар Душанбе ҷараёни интихоботро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе барои нафароне, ки бори аввал дар интихоботи президентӣ иштирок доранд туҳфаҳои хотиравӣ, лента ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим доранд
2024-03-17T16:32+0500
2024-03-17T16:32+0500
2024-03-17T16:32+0500
интихоботи президенти русия
дар тоҷикистон
интихобот
интихоботи президентӣ
душанбе
шаҳрвандон
ҳавзаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/11/1062081954_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_32192058a152b3f5539823265fa14ed6.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Омадани раъйдиҳандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ Тоҷикистон, идома дорад."Мо барои иҷрои вазифаи шаҳрвандии худ омадаем, ҳар як шахс бояд омада раъй диҳад. Русия пояи муҳими ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ аст", - гуфт яке аз раъйдиҳандагон дар Душанбе Хол Холов.Вай гуфт, ки бо фарзандонаш барои овоздиҳӣ омада, қарзи шаҳрвандии худро иҷро кардааст."Имрӯз ҷашни умумӣ аст. Барои Тоҷикистон, барои Русия ва барои тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, ки ҳоло дар ҳайати ИДМ мебошанд", - мегӯяд ӯ.Дар Душанбе дар бинои шӯъбаи консулгарии Сафорати Русия ҳавзаи интихоботӣ боз шудааст. Барои нафароне, ки бори аввал дар интихобот иштирок доранд, туҳфаҳои хотиравӣ, лента ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим мекунанд.Як ҳавзаи дигар дар ҳудуди Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд фаъолият дорад, чаҳор ҳавзаи дигар барои низомиёни пойгоҳи низомии 201 ва аъзои хонаводаи онҳо – дар Душанбе ва Бохтар боз шудааст.Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.Раъйдиҳӣ тӯли се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад ва чаҳор номзаде, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия сабти ном шудааст, барои курсии раҳбари давлат: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин рақобат доранд.Овоздиҳӣ соати 20:00 ба охир мерасад, охирин минтақаи дар он раъйдиҳӣ ба анҷом мерасад вилояти Калинингради Русия хоҳад буд.Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи кишвар 295 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла 6 ҳавзаи интихоботӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.
https://sputnik.tj/20240317/safiri-rusiya-maqomot-tojikiston-intikhobot-izhori-sipos-1062077466.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/11/1062081954_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_2953f608e96a2750d51ddb3bfc0edb96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, интихобот, интихоботи президентӣ, сафорат, қарзи шаҳрвандӣ
тоҷикистон, русия, интихобот, интихоботи президентӣ, сафорат, қарзи шаҳрвандӣ
”Қарзи шаҳрвандии ҳар як фард”: Раъйдиҳанда дар Душанбе ҷараёни интихоботро шарҳ дод
Дар Душанбе барои нафароне, ки бори аввал дар интихоботи президентӣ иштирок доранд туҳфаҳои хотиравӣ, лента ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим доранд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Омадани раъйдиҳандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ Тоҷикистон, идома дорад.
"Мо барои иҷрои вазифаи шаҳрвандии худ омадаем, ҳар як шахс бояд омада раъй диҳад. Русия пояи муҳими ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ аст", - гуфт яке аз раъйдиҳандагон дар Душанбе Хол Холов.
Вай гуфт, ки бо фарзандонаш барои овоздиҳӣ омада, қарзи шаҳрвандии худро иҷро кардааст.
"Имрӯз ҷашни умумӣ аст. Барои Тоҷикистон, барои Русия ва барои тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, ки ҳоло дар ҳайати ИДМ мебошанд", - мегӯяд ӯ.
Дар Душанбе дар бинои шӯъбаи консулгарии Сафорати Русия ҳавзаи интихоботӣ боз шудааст. Барои нафароне, ки бори аввал дар интихобот иштирок доранд, туҳфаҳои хотиравӣ, лента ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим мекунанд.
Як ҳавзаи дигар дар ҳудуди Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд фаъолият дорад, чаҳор ҳавзаи дигар барои низомиёни пойгоҳи низомии 201 ва аъзои хонаводаи онҳо – дар Душанбе ва Бохтар боз шудааст.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Раъйдиҳӣ тӯли се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад ва чаҳор номзаде, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия сабти ном шудааст, барои курсии раҳбари давлат: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин рақобат доранд.
Овоздиҳӣ соати 20:00 ба охир мерасад, охирин минтақаи дар он раъйдиҳӣ ба анҷом мерасад вилояти Калинингради Русия хоҳад буд.
Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи кишвар 295 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла 6 ҳавзаи интихоботӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.