Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

Сафири Русия аз мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили интихобот изҳори сипос кард

© SputnikПосол РФ в Таджикистане Семён Григорьев голосует на выборах президента РФ
Посол РФ в Таджикистане Семён Григорьев голосует на выборах президента РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар қитъаҳои интихоботӣ, ки дар Тоҷикистон боз шудааст шаҳрвандони Русия фаъолона раъй медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев то соати 10:00 аллакай ҳудуди 2 ҳазор нафар раъй додаанд.
"Хар як интихоботи президент - дар таърихи кишвар воқеъан як ҳодисаи бузурги хотирмон аст, вале дар вазъияти имрӯзаи байналмилалӣ онро тақдирсоз метавон арзёбӣ кард <...> Дар соати 10:00 ба вақти дар пойтахти Тоҷикистон 1,7 ҳазор нафар ва дар Хуҷанд беш аз 200 нафар, яъне ҳамагӣ ҳудуди 2 ҳазор раъйи худро ба номзадҳо доданд. Шумораи одамоне, ки ба овоздиҳӣ мераванд, гувоҳӣ медиҳад, ки ин рақам ба маротиб бештар хоҳад буд", - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.
Вай қайд кард, ки намояндагии дипломатӣ аз шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, барои иштироки фаъолонаашон дар раъйдиҳӣ изҳори сипос мекунад.
"Мехоҳам ба мақомоти Тоҷикистон барои мусоидати ҳамаҷониба дар ташкили ин интихобот ба мо изҳори сипос намоям", - гуфт дипломат.
Навбат дар Душанбе барои иштирок дар интихоботи президентии Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Навбати 100 метра: Интихоботи президентии Русия дар Душанбе ҷараён дорад
Тавре дида мешавад дар ҳавзаи интихоботии шахри Душанбе сафи хоҳишмандон ба даҳҳо метр тул кашидааст.
Дар Тоҷикистон рӯзи 17 март барои раъйдиҳандагон дар шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар дуввумин шаҳри сераҳолии ҷумҳурӣ - Хуҷанд қитъаҳои интихоботӣ боз шудааст.
Барои низомиёни Русия ва аъзои оилаи онҳо, ки дар Тоҷикистон ҳузур доранд чаҳор қитъаи интихоботӣ дар Душанбе, Бохтар ва Норак – боз шудааст.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъйин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад.
Комиссияи марказии интихоботи Русия барои иштирок дар интихоботи президентииРусия чаҳор номзадро сабтином кардааст: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош доранд.
Лентаи хабарҳо
0