https://sputnik.tj/20240314/murojiati-putin-mardumi-rusiya-arafa-intikhobot-prezidenti-1062045132.html
Муроҷиати Путин ба мардуми Русия дар арафаи интихоботи президентӣ
Муроҷиати Путин ба мардуми Русия дар арафаи интихоботи президентӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия дар муроҷиати видеоиша таъкид кардааст, ки интихоботи қарибулвуқуъ мустақиман ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсир хоҳад гузошт
2024-03-14T13:49+0500
2024-03-14T13:49+0500
2024-03-14T16:54+0500
дар русия
русия
владимир путин
интихоботи президентӣ
муроҷиат
видео
интихоботи президенти русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/32/1025043213_0:0:3198:1799_1920x0_80_0_0_b5645534ce6063bd51cdafd9b39fe994.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қабл аз интихоботи серӯзаи раёсатҷумҳурӣ ба мардуми Русия тариқи телевизион муроҷиат кард.Дар муроҷиати худ, раҳбари Русия изҳор доштааст, ки натоиҷи ин интихобот мустақиман ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсир хоҳад гузошт. "Шаҳрвандони муҳтарами Русия, дӯстони азиз. Пагоҳ, 15 март дар саросари кишвар ҳавзаҳои райъдиҳӣ боз мешаванд, овоздиҳии серӯза барои интихоботи президентии Русия оғоз мешавад. Интихоботи президентӣ дар Русия бори ҳаштум маротиба баргузор мешаванд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки яке аз усулҳои аслии давлати демократӣ, мунтазами интихобот аст”, - гуфт Путин дар паёми худ.Президент интихоботро воқеаи ниҳоят муҳим донист."Натиҷаҳои интихобот ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсири мустақим хоҳад расонд. Ин як рӯйдоди муҳим ва ниҳоят масъулиятнок аст. Аз ин рӯ, ман ба унвони роҳбари имрӯзаи давлат имрӯз ба шумо муроҷиат карданро зарур медонам", - афзуд ӯ.Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин намудааст. Овоздиҳӣ се рӯз: 15, 16 ва 17 март давом мекунад.Барои курсии раисиҷумҳури Русия аз тарафи Комиссияи марказии интихобот чаҳор номзад сабти ном шудаааст.Барои курсии президенти Русия Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20240313/putin-norasoii-kadri-rusiya-tijorat-dark-1062035871.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/32/1025043213_127:0:2858:2048_1920x0_80_0_0_b070677c25fc1cafe8ed042bd4c0dd34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, интихобот, интихоботи президенть, путин, муроыиат, мардум, рушд, ицтисод, кишвар
русия, интихобот, интихоботи президенть, путин, муроыиат, мардум, рушд, ицтисод, кишвар
Муроҷиати Путин ба мардуми Русия дар арафаи интихоботи президентӣ
13:49 14.03.2024 (Навсозишуда: 16:54 14.03.2024) Раҳбари Русия дар муроҷиати телевизиониаш таъкид кардааст, ки интихоботи қарибулвуқуъ мустақиман ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсир хоҳад гузошт
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қабл аз интихоботи серӯзаи раёсатҷумҳурӣ ба мардуми Русия тариқи телевизион муроҷиат кард.
Дар муроҷиати худ, раҳбари Русия изҳор доштааст, ки натоиҷи ин интихобот мустақиман ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсир хоҳад гузошт.
"Шаҳрвандони муҳтарами Русия, дӯстони азиз. Пагоҳ, 15 март дар саросари кишвар ҳавзаҳои райъдиҳӣ боз мешаванд, овоздиҳии серӯза барои интихоботи президентии Русия оғоз мешавад. Интихоботи президентӣ дар Русия бори ҳаштум маротиба баргузор мешаванд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки яке аз усулҳои аслии давлати демократӣ, мунтазами интихобот аст”, - гуфт Путин дар паёми худ.
Президент интихоботро воқеаи ниҳоят муҳим донист.
"Натиҷаҳои интихобот ба рушди кишвар дар солҳои наздик таъсири мустақим хоҳад расонд. Ин як рӯйдоди муҳим ва ниҳоят масъулиятнок аст. Аз ин рӯ, ман ба унвони роҳбари имрӯзаи давлат имрӯз ба шумо муроҷиат карданро зарур медонам", - афзуд ӯ.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин намудааст. Овоздиҳӣ се рӯз: 15, 16 ва 17 март давом мекунад.
Барои курсии раисиҷумҳури Русия аз тарафи Комиссияи марказии интихобот чаҳор номзад сабти ном шудаааст.
Барои курсии президенти Русия Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош хоҳанд кард.