https://sputnik.tj/20240313/putin-norasoii-kadri-rusiya-tijorat-dark-1062035871.html
Путин: Дар оянда норасоии кадрӣ дар Русия бештар мешавад, тиҷорат бояд инро дарк кунад
Путин: Дар оянда норасоии кадрӣ дар Русия бештар мешавад, тиҷорат бояд инро дарк кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия дар мусоҳиба бо Дмитрий Кисилёв гуфт, ки дар ояндаи наздик тиҷорати Русия ба норасоии қаваи корӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд
2024-03-13T15:59+0500
2024-03-13T15:59+0500
2024-03-13T18:35+0500
владимир путин
дар русия
русия
норасоии мутахассис
муҳоҷират
тиҷорат
бештар
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0d/1062030556_381:175:3037:1669_1920x0_80_0_0_58c6ac27795c63fc91ec96d48dfa991d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Тоҷирон дар Русия бояд дарк намоянд, ки вазъи норасоии кадрӣ дар солҳои оянда беҳбуд нахоҳад ёфт ва ин мушкилот бояд ба таври куллӣ ҳал карда шавад, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Дмитрий Киселев барои телевизиони “Россия 1” ва РИА Новости.Ба гуфтаи вай дар Русия муҳоҷирони корӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳо он қадар зиёд нестанд.Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия муҳоҷирони корӣ ҳамагӣ 3,7% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд ва онҳо бештар дар минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ фаъол - Маскав ва вилояти он, дар шимолу ғарби кишвар ҷамъ омадаанд."Чизи хеле муҳим, вақте, ки муҳоҷирони корӣ ҷалб мешаванд, ҳамеша дар бораи зарурати норасоии қувваи корӣ ҳарф мезананд. Соҳибкорони мо бояд дарк намоянд, ки вазъи норасоии қувваи корӣ дар солҳои оянда барои онҳо тағйир нахоҳад ёфт. Онҳо бо норасоии қувваи корӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд", - гуфт Путин.Раҳбари Русия барои ҳалли ин масъала гуфт бояд тиҷорат ҳосилнокии меҳнатро баланд бардорад, шумораи коргаронро дар ҳамон ҷойҳо кам кардан лозим аст ва ин корро бо танҳо метавон бо роҳи ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосир анҷом дод."Барои ин мо бояд дар ин соҳа сармоягузорӣ кунем ва кадрҳоро омода созем. Ин муҳимтарин чизест, ки мо бояд дар фикри он бошем", - афзуд Путин.Аммо дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, сиёсати муҳоҷират як абзори муҳим дар иқтисод аст ва бояд аз таҷрибаи кишварҳои дигар истифода кард.“Албатта, пеш аз ҳама, бояд дар бораи ба ватан баргардонидани ҳамватанонамон сухан кард... Дар ин ҷо мо бояд дар бораи ҷалби одамоне бигӯем, ки шояд ба Русия кӯч набанданд, вале аз рӯи тахассусашон, ба истеъдоди худ дар соҳаҳои гуногун метавонанд дар рушди давлати мо саҳми арзанда гузоранд. Мо низ аз ҷалби чунин шахсон хушҳол мешавем", - шарҳ дод президент.Дар мавриди муҳоҷирони корӣ Путин таъкид кард, ки бояд чораҳо барои ҳамгироии онҳо ба ҷомеаи Русия андешида шавад.
https://sputnik.tj/20240313/mardum-rusiya-silohi-hastai-ravobit-gharb-musohiba-putin-1062029090.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0d/1062030556_555:102:3037:1964_1920x0_80_0_0_a110694c899d056c3ccf6b2cc1ec1413.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, муҳоҷират, норасоии кадрӣ, тиҷорат, дарк, бештар
русия, владимир путин, муҳоҷират, норасоии кадрӣ, тиҷорат, дарк, бештар
Путин: Дар оянда норасоии кадрӣ дар Русия бештар мешавад, тиҷорат бояд инро дарк кунад
15:59 13.03.2024 (Навсозишуда: 18:35 13.03.2024) Раҳбари Русия дар мусоҳиба бо Дмитрий Киселёв гуфт, ки дар ояндаи наздик тиҷорати Русия ба норасоии қувваи корӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Тоҷирон дар Русия бояд дарк намоянд, ки вазъи норасоии кадрӣ дар солҳои оянда беҳбуд нахоҳад ёфт ва ин мушкилот бояд ба таври куллӣ ҳал карда шавад, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Дмитрий Киселев барои телевизиони “Россия 1” ва РИА Новости.
Ба гуфтаи вай дар Русия муҳоҷирони корӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳо он қадар зиёд нестанд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия муҳоҷирони корӣ ҳамагӣ 3,7% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд ва онҳо бештар дар минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ фаъол - Маскав ва вилояти он, дар шимолу ғарби кишвар ҷамъ омадаанд.
"Чизи хеле муҳим, вақте, ки муҳоҷирони корӣ ҷалб мешаванд, ҳамеша дар бораи зарурати норасоии қувваи корӣ ҳарф мезананд. Соҳибкорони мо бояд дарк намоянд, ки вазъи норасоии қувваи корӣ дар солҳои оянда барои онҳо тағйир нахоҳад ёфт. Онҳо бо норасоии қувваи корӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия барои ҳалли ин масъала гуфт бояд тиҷорат ҳосилнокии меҳнатро баланд бардорад, шумораи коргаронро дар ҳамон ҷойҳо кам кардан лозим аст ва ин корро бо танҳо метавон бо роҳи ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосир анҷом дод.
"Барои ин мо бояд дар ин соҳа сармоягузорӣ кунем ва кадрҳоро омода созем. Ин муҳимтарин чизест, ки мо бояд дар фикри он бошем", - афзуд Путин.
Аммо дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, сиёсати муҳоҷират як абзори муҳим дар иқтисод аст ва бояд аз таҷрибаи кишварҳои дигар истифода кард.
“Албатта, пеш аз ҳама, бояд дар бораи ба ватан баргардонидани ҳамватанонамон сухан кард... Дар ин ҷо мо бояд дар бораи ҷалби одамоне бигӯем, ки шояд ба Русия кӯч набанданд, вале аз рӯи тахассусашон, ба истеъдоди худ дар соҳаҳои гуногун метавонанд дар рушди давлати мо саҳми арзанда гузоранд. Мо низ аз ҷалби чунин шахсон хушҳол мешавем", - шарҳ дод президент.
Дар мавриди муҳоҷирони корӣ Путин таъкид кард, ки бояд чораҳо барои ҳамгироии онҳо ба ҷомеаи Русия андешида шавад.