Дар Тоҷикистон чӣ қадар автомобил ба қайд гирифта шудааст?: Посухи мақомот

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкАвтомобильный рынок
Автомобильный рынок  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ солҳои охир шумораи автомобилҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар истинод ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки то 1 марти соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ расман 667 ҳазор воситаи нақлиёти автомобилӣ - сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки як сол пеш ин рақам ба 601 ҳазор баробар буд.

“Айни замон дар кишвар 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки агар дар соли 2014 дар мамлакат 389 ҳазор воситаи нақлиёт (ҳама намудҳо) мавҷуд буд, пас то 1 марти соли 2023 дар ҷумҳурӣ 51781 мошини боркаш, 16491 мошини мусофирбар, 524045 адад автомобили сабукрав, инчунин 4419 притсеп ва нимпритсеп ба қайд гирифта шудааст.
Савдо нест: мушкили тоҷирони мошин дар Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Савдо нест: Мушкилоти тоҷирони мошин дар Суғд
Ёдовар мешавем, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд, тибқи Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0