https://sputnik.tj/20231003/savdo-nest-mushkil-tojiron-moshin-nohiya-bobojon-ghafurov-1059762542.html
Савдо нест: Мушкилоти тоҷирони мошин дар Суғд
Савдо нест: Мушкилоти тоҷирони мошин дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мошинбозори воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ба мисли ҳарвақта серодам аст, аммо тоҷирони мошин мегуянд, шумори хариддорон каму савдо суст шудааст
2023-10-03T16:34+0500
2023-10-03T16:34+0500
2023-10-03T19:01+0500
видео
мошинбозор
фурӯш
суғд
ҳукумат
бобоҷон ғафуров
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/03/1059762201_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_cf97ffa8eed60317eab05d6453e33f28.jpg
Дар ин макон, ки бузургтарин бозори мошинҳо дар Тоҷикистон гуфта мешавад аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар сокинон барои хариддорӣ ва ё ба фурӯш гузоштани мошин меоянд.Ба гуфтаи фурушандагон коҳиши қурби рубли русӣ дар бозори пул ба вазъи иқтисодии аксар онҳое, ки дар орзӯи харидани мошин ҳастанд таъсир расонидааст.Ҳукумати Тоҷикистон ду моҳ қабл, рӯзи 2 август қарори манъи вуруди мошинҳои соли бароришашон 2013 ро содир кард, ки аз пагоҳ 2 октябр татбиқ мешавад. Дар шарҳи қабули ин санади ҳукумат гуфта шудааст, ки ҳадаф аз ин иқдом “беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво аст”.Чаро савдои мошин дар Тоҷикистон суст шуд? – шарҳи хариддорону фурӯшандаҳои мошинбозорАммо аксари сокинони навоҳии кӯҳистонии кишвар мегуянд, қабули ҳамчунин қарор ба нархи мошинҳои кӯҳна бетаъсир намемонад ва на ҳама имкони харидани мошинҳои навро доранд.Тоҷикистон ҳоло ҳеҷ навъе аз мошини сабукрав истеҳсол намекунад ва асосан мошинҳои сабукрав ва боркашони дасти дуюм ба мисли Opel, Меrсеdess, Labo, Porter, Lada ва Gazelle аз кишварҳои Иттиҳоди аврупо ва Куриёву Россия ворид карда мешавад.Фиреб дар мошинбозор: мақомот ҳолати қаллобиро таҳқиқ мекунандБино ба иттилоъи Идораи гумрук, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазору 800 мошини сабукрав ворид шудааст.
суғд
бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/03/1059762201_99:0:1059:720_1920x0_80_0_0_2a704f6c3ecaa4fa8433b59db8f8966e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, мошинбозор, тоҷирон, мошин, бобоҷон ғафуров, харидор, савдо, видео
суғд, мошинбозор, тоҷирон, мошин, бобоҷон ғафуров, харидор, савдо, видео
Савдо нест: Мушкилоти тоҷирони мошин дар Суғд
16:34 03.10.2023 (Навсозишуда: 19:01 03.10.2023) Мошинбозори воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ба мисли ҳарвақта серодам аст, аммо тоҷирони мошин мегуянд, шумори хариддорон каму савдо суст шудааст
Дар ин макон, ки бузургтарин бозори мошинҳо дар Тоҷикистон гуфта мешавад аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар сокинон барои хариддорӣ ва ё ба фурӯш гузоштани мошин меоянд.
Ба гуфтаи фурушандагон коҳиши қурби рубли русӣ дар бозори пул ба вазъи иқтисодии аксар онҳое, ки дар орзӯи харидани мошин ҳастанд таъсир расонидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ду моҳ қабл, рӯзи 2 август қарори манъи вуруди мошинҳои соли бароришашон 2013 ро содир кард, ки аз пагоҳ 2 октябр татбиқ мешавад. Дар шарҳи қабули ин санади ҳукумат гуфта шудааст, ки ҳадаф аз ин иқдом “беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво аст”.
Аммо аксари сокинони навоҳии кӯҳистонии кишвар мегуянд, қабули ҳамчунин қарор ба нархи мошинҳои кӯҳна бетаъсир намемонад ва на ҳама имкони харидани мошинҳои навро доранд.
Тоҷикистон ҳоло ҳеҷ навъе аз мошини сабукрав истеҳсол намекунад ва асосан мошинҳои сабукрав ва боркашони дасти дуюм ба мисли Opel, Меrсеdess, Labo, Porter, Lada ва Gazelle аз кишварҳои Иттиҳоди аврупо ва Куриёву Россия ворид карда мешавад.
Бино ба иттилоъи Идораи гумрук, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазору 800 мошини сабукрав ворид шудааст.