Ягона роҳи пайвандгари ҷанубу шимоли Тоҷикистон баста мебошад

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSРабота техники на трассе Душанбе - Чанак
Работа техники на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2024
Обуна шудан
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ аз аз тармаҳо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, масири Душанбе - Чаноқ ва ғарби ВМКБ ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Барфрезии шадид дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва фаромадани тармаҳо боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масир шудаст.
Ширкати роҳбони IRS таъкид кард, ки феълан ҳаракати тамоми намуди нақлиёт манъ карда шудааст.
"Кормандони мо ба бартарафсозии тармаҳо машғул буда, тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати нақлиёт зудтар таъмин гардад", - эълон дошт ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар ягона роҳи пулакии кишвар машғул аст.
Гадание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Баҳор дар Тоҷикистон бо бебарқӣ оғоз шуд
Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки то нашри иттилоъ дар бобати иҷозат додани ҳаракати нақлиёт дар ин масир аз сафар худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ахиран ҳушдор дод, ки то 11 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ҳамзамон ноҳияҳои ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Бинобар ин, кумита аз шаҳрвандон хост, то ин муддат аз сафари бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки дар рӯзҳои хавфи омадани тарма дар роҳҳои кӯҳӣ постгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд, то сари вақт ба ронандагон ва мусофирони дармонда кумак расонанд.
Лентаи хабарҳо
0