https://sputnik.tj/20240301/bahor-tojikiston-bebarqi-oghoz-1061891190.html
Баҳор дар Тоҷикистон бо бебарқӣ оғоз шуд
Баҳор дар Тоҷикистон бо бебарқӣ оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар нахустин рӯзи баҳор дар Тоҷикистон сокинони кишвар дучори маҳдудияти интиқоли барқ гардиданд. Камбуди барқ, ки одатан хоси навоҳӣ буд, ба пойтахт ҳам расид
2024-03-01T13:55+0500
2024-03-01T13:55+0500
2024-03-01T20:14+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
нерӯ
ҳаво
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/08/1027700802_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_5a915b2484d4a0d3bcbd1ab211291fcc.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бисёре аз сокинони пойтахти Тоҷикистон дучори камбуди барқ шудаанд. Чанде аз истиқоматкунандон маҳдудият дар Душанберо таъйид карданд. Яке аз хонандагони Sputnik Тоҷикистон, ки дар маҳаллаи Зарафшон зиндагӣ мекунад, гуфт, аз соати 6:00 барқ надоранд ва рӯзи қабл низ 6 соат дастрасӣ ба барқ надоштанд. Феълан мақомот расман барқкушӣ дар сартосари пойтахтро шарҳ надодаанд. Бояд гуфт, дар Душанбе ҳоло ҳаво сард аст ва боришоти барф идома дорад.Одатан маҳдудияти барқ танҳо дар навоҳии Тоҷикистон ҷой дошт, ки солҳо боз дар фасли сармо пурра бо барқ таъмин нестанд. Сокинони навоҳӣ мегӯянд, маҳдудият тайи рӯзҳои охир шиддат гирифтааст ва масъулин низ расман шарҳе намедиҳанд. Танҳо масъулини шаҳрдории Бӯстон дар шимоли Тоҷикистон, ахиран изҳор доштанд, ки дар давоми ҳафта, бинобар сардшавии боду ҳаво интиқоли нерӯи барқ зиёд гардида, аз меъёри шабонарӯзӣ гузашта истодааст. "Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешгирии садамаҳо, давоми ҳафта аз соати 08:00 то 17:00 ва аз 22:00 то 05:00 интиқоли барқ бо навбат 2 соатӣ дар маҳаллаҳо маҳдуд карда мешавад", - омадаст дар иттилоия. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар аксари деҳоти вилоят лимити барқ сахттар шудааст. "Маҳдудиятҳо дар минтақа ҳанӯз моҳи феврал ҷорӣ шуданд. Аммо агар қаблан ба сокинон дар як шабонарӯз 7-8 соат барқ медоданд, ҳоло ҳамагӣ 5-6 соат барқ дода мешаваду халос", - мегӯяд хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Вай афзуд, сокинон маҷбуранд барои рӯшан кардани манзилҳои худ аз шамъ ва генераторҳо истифода баранд. "Сокинон бояд аз шамъ ва генератор истифода баранд", - хабар дода шуд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи Тоҷикистон бо такя ба ҳавошиносон иттилоъ додаст, ки ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 4 рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯзҳо ҳамчунин аз сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла тарма ҳушдор дода мешавад.
https://sputnik.tj/20240229/volidayn-chahor-farzand-dushan-dud-angish-favtidand-1061872851.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/08/1027700802_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_ceafc76aa2d2b575178eb6f9ff60e271.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шиддат, бебарқӣ, тоҷиикстон, камбудӣ, интиқол
шиддат, бебарқӣ, тоҷиикстон, камбудӣ, интиқол
Баҳор дар Тоҷикистон бо бебарқӣ оғоз шуд
13:55 01.03.2024 (Навсозишуда: 20:14 01.03.2024) Дар нахустин рӯзи баҳор дар Тоҷикистон сокинони кишвар дучори маҳдудияти интиқоли барқ гардиданд. Камбуди барқ, ки одатан хоси навоҳӣ буд, ба пойтахт ҳам расид
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бисёре аз сокинони пойтахти Тоҷикистон дучори камбуди барқ шудаанд. Чанде аз истиқоматкунандон маҳдудият дар Душанберо таъйид карданд.
Яке аз хонандагони Sputnik Тоҷикистон, ки дар маҳаллаи Зарафшон зиндагӣ мекунад, гуфт, аз соати 6:00 барқ надоранд ва рӯзи қабл низ 6 соат дастрасӣ ба барқ надоштанд.
Феълан мақомот расман барқкушӣ дар сартосари пойтахтро шарҳ надодаанд. Бояд гуфт, дар Душанбе ҳоло ҳаво сард аст ва боришоти барф идома дорад.
Одатан маҳдудияти барқ танҳо дар навоҳии Тоҷикистон ҷой дошт, ки солҳо боз дар фасли сармо пурра бо барқ таъмин нестанд.
Сокинони навоҳӣ мегӯянд, маҳдудият тайи рӯзҳои охир шиддат гирифтааст ва масъулин низ расман шарҳе намедиҳанд.
Танҳо масъулини шаҳрдории Бӯстон дар шимоли Тоҷикистон, ахиран изҳор доштанд, ки дар давоми ҳафта, бинобар сардшавии боду ҳаво интиқоли нерӯи барқ зиёд гардида, аз меъёри шабонарӯзӣ гузашта истодааст.
"Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешгирии садамаҳо, давоми ҳафта аз соати 08:00 то 17:00 ва аз 22:00 то 05:00 интиқоли барқ бо навбат 2 соатӣ дар маҳаллаҳо маҳдуд карда мешавад", - омадаст дар иттилоия.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар аксари деҳоти вилоят лимити барқ сахттар шудааст.
"Маҳдудиятҳо дар минтақа ҳанӯз моҳи феврал ҷорӣ шуданд. Аммо агар қаблан ба сокинон дар як шабонарӯз 7-8 соат барқ медоданд, ҳоло ҳамагӣ 5-6 соат барқ дода мешаваду халос", - мегӯяд хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Вай афзуд, сокинон маҷбуранд барои рӯшан кардани манзилҳои худ аз шамъ ва генераторҳо истифода баранд.
"Сокинон бояд аз шамъ ва генератор истифода баранд", - хабар дода шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи Тоҷикистон бо такя ба ҳавошиносон иттилоъ додаст, ки ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 4 рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯзҳо ҳамчунин аз сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла тарма ҳушдор дода мешавад.