https://sputnik.tj/20240310/torumor-neru-tekhnikai-ukraini-rusiya-1061992938.html
Торумори нерӯ ва техникаи украинӣ аз сӯи низомиёни Русия
Торумори нерӯ ва техникаи украинӣ аз сӯи низомиёни Русия
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Украина дар самтҳои Купянский, Донетск, Авдеевский, Донетски Ҷанубӣ ва Херсон то 895 нафар ва ҳамчунин даҳҳо воҳиди техникаи худро аз даст доданд
2024-03-10T19:19+0500
2024-03-10T19:19+0500
2024-03-10T19:26+0500
дар русия
амният ва мудофиа
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
донбасс
украина
раисҷумҳур
нерӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0a/1061992443_0:142:3135:1905_1920x0_80_0_0_8ed2a3f5b866c143c5ead6bf725b621a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Низомиёни Русия якбора дар якчанд самти амалиёти вижаи низомӣ қувва ва техникаи украиниро торумор карданд.Дар ин бора вазорати дифои Русия иттилоъ дода афзуд, ки се бригадаи Украина дар самти Херсон то 45 низомиро талаф дод."Дар самти Херсон воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" бо амалиёти ҳамоҳангшуда ба қувваи корӣ ва техникаи бригадаи механиконидашудаи 65, 128-ум ва бригадаи 126-умро дар минтақаи Работинои Степовоеи вилояти Запороже ва Ивановкаи вилояти Херсон то 45 нафар хизматчиёни харбӣ ва се мошин талафотро ворид кард", - гуфта мешавад дар иттилоия. Ҳамчунин воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самтҳои Купянский, Донетск, Авдеевский ва Донетски ҷанубӣ ба нерӯи корӣ ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба заданд. Душман то 895 кас, инчунин даҳҳо техникам ҳарбиро талаф дод.Илова бар ин, ҷангҷӯёни русиягӣ дар тӯли 24 соат як нуқтаи назорати ҳавопаймоҳои бесарнишин дар наздикии деҳаи Новокалиново, нуқтаи назоратии бригадаи механиконидашудаи 47-уми Украина дар наздикии деҳаи Желанное, ду анбори сӯзишворӣ, панҷ анбори муҳимот ва 130 ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд карданд.Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20240305/kiev-guftand-makron-ijozati-intiqoli-neru-ukraina-1061941269.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0a/1061992443_203:0:2932:2047_1920x0_80_0_0_7a10286696c7aced34ae9512d05428ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯ, украинӣ, минтақа, вижа, амалиёт
нерӯ, украинӣ, минтақа, вижа, амалиёт
Торумори нерӯ ва техникаи украинӣ аз сӯи низомиёни Русия
19:19 10.03.2024 (Навсозишуда: 19:26 10.03.2024) Нерӯҳои Украина дар самтҳои Купянский, Донетск, Авдеевский, Донетски Ҷанубӣ ва Херсон то 895 нафар ва ҳамчунин даҳҳо воҳиди техникаи худро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Низомиёни Русия якбора дар якчанд самти амалиёти вижаи низомӣ қувва ва техникаи украиниро торумор карданд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия иттилоъ дода афзуд, ки се бригадаи Украина дар самти Херсон то 45 низомиро талаф дод.
"Дар самти Херсон воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" бо амалиёти ҳамоҳангшуда ба қувваи корӣ ва техникаи бригадаи механиконидашудаи 65, 128-ум ва бригадаи 126-умро дар минтақаи Работинои Степовоеи вилояти Запороже ва Ивановкаи вилояти Херсон то 45 нафар хизматчиёни харбӣ ва се мошин талафотро ворид кард", - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ҳамчунин воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самтҳои Купянский, Донетск, Авдеевский ва Донетски ҷанубӣ ба нерӯи корӣ ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба заданд. Душман то 895 кас, инчунин даҳҳо техникам ҳарбиро талаф дод.
Илова бар ин, ҷангҷӯёни русиягӣ дар тӯли 24 соат як нуқтаи назорати ҳавопаймоҳои бесарнишин дар наздикии деҳаи Новокалиново, нуқтаи назоратии бригадаи механиконидашудаи 47-уми Украина дар наздикии деҳаи Желанное, ду анбори сӯзишворӣ, панҷ анбори муҳимот ва 130 ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.