Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Киев гуфтанд, кӣ ба Макрон иҷозати интиқоли нерӯ ба Украинаро намедиҳад

© AFP 2023 / LUDOVIC MARINПрезидент Франции Эммануэль Макрон
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Обуна шудан
Таҳдиди фишору эҳтимоли истеъфо ҳайати генералии қувваҳои мусаллаҳи Фаронсаро аз мухолифат бо президенти ин кишвар боздошта натавонистаст
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Генералҳои фаронсавӣ дар Украина намеҷанганд, зеро онҳо президент Эммануэл Макронро дӯст намедоранд.
Инро раиси Бунёди сиёсати Украина дар мусоҳиба бо канали "Бале чунин аст" дар YouTube баён доштаст.
"Макрон бо генералҳои худ ихтилофи тӯлонӣ дорад. Онҳо аллакай чанд маротиба, ҳадди ақал ду маротиба дар панҷ соли охир номаҳои кушод фиристодаанд, ки дар он аз мавқеи Макрон интиқод карда шудааст", - гуфт коршиноси украинӣ.
Ба гуфтаи сиёсатшинос, генералҳои фаронсавӣ Макронро барои амалҳояш дар ҷараёни тазоҳуроти "камзӯлҳои зард" ва ҳамчунин нокомиҳои низомию сиёсӣ дар Африқо интиқод кардаанд. Таҳдиди интиқом ва истеъфои иҷборӣ натавонистааст мунтақидони раиси ҷумҳури Фаронсаро боздорад.
Қаблан дар ҳамоиши аврупоӣ Макрон масъалаи интиқоли нерӯҳоро ба Украиан ба миён гузошт, ки ҷонибдорӣ наёфт.
Флаг Польши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лаҳистон нерӯҳояшро ба Украина фиристоданӣ нест
Худи ҳампаймонҳои Фаронса изҳороти раисиҷумҳур Эммануэл Макронро дар бораи эъзоми эҳтимолии нирӯҳо ба Украинаро нафаҳмиданд ва пуштибонӣ накарданд, гуфта буд сухангӯи вазири корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова.
Вазири дифои Лаҳистон, Чезари Томчик дар шарҳи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои кишвараш ба Украина гуфт, ҳатто чунин фикре нест.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, ки ширкаткунандагони конфронси якрӯза дар масоили Украина дар Порис, ки бо ташаббуси президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват шуда буд, “дар ин масъала комилан созиш надоштаанд”.
Худи Макрон эъзоми нирӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро истисно накард.
"Ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо ҳеҷ чизро истисно кардан мумкин нест", - гуфт раисҷумҳури Фаронса зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, ки кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо "дар асоси равобити дуҷониба имкони фиристодани низомиёни худро ба Украина баррасӣ мекунанд".
Лентаи хабарҳо
0