https://sputnik.tj/20240310/beshtar-bekoron-tojikiston-mardon-1061985731.html
Бештари бекорон дар Тоҷикистон мардон мебошанд
Бештари бекорон дар Тоҷикистон мардон мебошанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели набудани ҷойҳои корӣ ва ё маоши паст, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, асосан ба Русия мераванд
2024-03-10T10:44+0500
2024-03-10T10:44+0500
2024-03-10T10:44+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
бекор кардан
коҳиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032619283_0:150:2885:1773_1920x0_80_0_0_87dfe68687eed679fec6ff967ec32847.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон коҳиши сатҳи бекорӣ дар кишварро ба ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ рабт дод, ки бархе бекорон ба ҷои кор таъмин шудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, сатҳи бекорӣ дар кишвар ба ҳолати аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, қариб 10% кам шудааст. Дар маҷмуъ, дар охири соли 2023 дар ҷумҳурӣ 48,3 ҳазор нафарро расман ҳамчун бекор сабтином кардаанд ки 9,7% коҳиш ёфтааст. Дар миёни бекорони расман ба қайдгирифташудат, беш аз 46%-ро занон ташкил медиҳанд. Таъкид шудааст, ки мизони бекории расман ба қайд гирифташуда 1,8%-и қувваи кории кишварро ташкил медиҳад.Дар умум моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 74,3 ҳазор нафар корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 10,9% кам ва дар қиёс ба моҳи ноябри соли 2022 ҳудуди % фоиз зиёд будааст.Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар ин давра дар кишвар беш аз 230 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 34,2% доимӣ, 18,7% муваққатӣ ва 44,4% мавсимӣ мебошанд.Тавзеҳ дода шуд, ки бештари ҷойҳои корӣ дар соҳаи кишоварзӣ – ҳудуди 100 ҳазор, сохтмон – беш аз 37 ҳазор ва дар бахши хизматрасонӣ – беш аз 20 ҳазор таъсис ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20240221/aholi-qobili-mehnat-tojikiston-iiao-tasvirbayon-1061791072.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032619283_161:0:2725:1923_1920x0_80_0_0_61336d47d109bad29cc2627303f1f9ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мардон, занон, тоҷикистон, кор, бекор, маош, паст
мардон, занон, тоҷикистон, кор, бекор, маош, паст
Бештари бекорон дар Тоҷикистон мардон мебошанд
Ба далели набудани ҷойҳои корӣ ва ё маоши паст, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, асосан ба Русия мераванд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон коҳиши сатҳи бекорӣ дар кишварро ба ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ рабт дод, ки бархе бекорон ба ҷои кор таъмин шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, сатҳи бекорӣ дар кишвар ба ҳолати аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, қариб 10% кам шудааст.
Дар маҷмуъ, дар охири соли 2023 дар ҷумҳурӣ 48,3 ҳазор нафарро расман ҳамчун бекор сабтином кардаанд ки 9,7% коҳиш ёфтааст.
Дар миёни бекорони расман ба қайдгирифташудат, беш аз 46%-ро занон ташкил медиҳанд. Таъкид шудааст, ки мизони бекории расман ба қайд гирифташуда 1,8%-и қувваи кории кишварро ташкил медиҳад.
Дар умум моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 74,3 ҳазор нафар корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 10,9% кам ва дар қиёс ба моҳи ноябри соли 2022 ҳудуди % фоиз зиёд будааст.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар ин давра дар кишвар беш аз 230 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 34,2% доимӣ, 18,7% муваққатӣ ва 44,4% мавсимӣ мебошанд.
Тавзеҳ дода шуд, ки бештари ҷойҳои корӣ дар соҳаи кишоварзӣ – ҳудуди 100 ҳазор, сохтмон – беш аз 37 ҳазор ва дар бахши хизматрасонӣ – беш аз 20 ҳазор таъсис ёфтаанд.