Аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ва ИИАО - тасвирбаён

Обуна шудан
Аз рӯи теъдоди аҳолии синнашон камтар аз нишондоди қобили меҳнат, Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешсаф аст
Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё беш аз 185 млн нафар аҳолӣ дорад, ки дар умум зиёда аз 57%-ашонро аҳолии қобили меҳнат ташкил медиҳанд.
Шумори сокинони хурдтар аз синни қобили меҳнат дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёда аз 20% ва теъдоди нафақахӯрон беш аз 22% мебошад.
Миёни кишварҳои ИИАО аз ҳама кам шумори нафақахӯрон дар Қирғизистон - камтар аз 9%-и шумораи умумии аҳолӣ ва аз ҳама зиёд дар Русия беш аз 24,5%-и аҳолии умумиро ташкил медиҳад.
Мизони бекорӣ дар кишварҳои ИИАО коҳиш ёфтааст
Таносуби нафақахӯрон дар Белорус беш аз 23%, Арманистон зиёда аз 16% ва Қазоқистон 11% мебошад.
Қирғизистон дар ин иттиҳодия аз рӯи аҳолии аз синни қобили меҳнат хурдтар низ пешсаф мебошад, ки қариби 35%-ро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур дар Русия - 18,5%, дар Белорус - қариби 18%, дар Арманистон беш аз 21% ва Қазоқистон - 31% аст.
Аз ҳама зиёд аҳолии то синни қобили меҳнат дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 66%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад. Синни қобили меҳнат ҳудуди 25% ва теъдоди нафақахӯрон 9%-и шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0