Долларзудоӣ, "Бозиҳои оянда" ва "Шаби қаҳрамонҳои IBA", – моҳи феврал дар Тоҷикистон

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает участие в церемонии открытия международного турнира "Игры Будущего" в Казани.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает участие в церемонии открытия международного турнира Игры Будущего в Казани. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Обуна шудан
Моҳи феврал аз ҳама гуна ҳодисот бой буд,— ҳам аз хабарҳои хуш ва ҳам на он қадар. Лаҳзаҳои хотирмони моҳи охири зимистонро ба ёд меорем
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тӯли се моҳ ба саросари кишвар сафар карда, камбудиҳои фаъолияти ширкатҳои мобилиро ошкор кард, Кумитаи меъморӣ бошад нақшаҳои генералии сохтмонии 65 шаҳру ноҳияро омода кард, ки ин маънои онро дорад, ки онҳо ба зудӣ бебозгашт тағйир хоҳанд ёфт.
Дар шимоли Тоҷикистон минтақаҳои саноатӣ, ки Русия онҳоро сармоягузорӣ хоҳад кард, кушода мешаванд. Ду корхона дар шаҳри Бӯстон аллакай моҳи март боз мешаванд.
Футболбозони кишвар, ки аз қаҳрамонии Ҷоми Осиё-2023 баргаштанд, дар ватанашон мукофотҳо гирифтанд. Аммо шартномаи мураббии муваффақи тими миллӣ ба охир расид ва ӯ ба Эрон рафт.
Дар бораи ин ва дигар рӯйдодҳои моҳи феврал дар маводи Sputnik Тоҷикистон.

Ширкатҳои мобилӣ бо чӣ кор машғуланд?

Хадамоти алоқа тӯли 3 моҳ фаъолияти ширкатҳои мобилиро дар самти арзёбии сифати хидматрасонӣ ва интернет дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон назорат кард. Чунон ки маълум гардид, арзёбӣ беҳуда набуд, дар фаъолияти 4 ширкат вайронкунии дағалона ошкор гардид, аз ҷумла дар он, ки на ҳамаи истгоҳҳои базавӣва таҷҳизоти шабакавиашон дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Мегафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Операторони мобилӣ маблағро ба чӣ сарф мекунанд
Ин ва ба монанди ин дигар камбудиҳо, инчунин аз ҷониби оператор риоя накардани шартҳои шартномаи литсензионӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд. Аз ин рӯ, аз тарафи шӯъба барои ҳалли ҳамаи мушкилот дастур пешниҳод гардида, ҳамчунин ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати тағйир наёфтани вазъ чораҳо андешида мешаванд.

Мо дунёи нав месозем!

Кумитаи меъморӣ нақшаҳои генералии ободонии зиёда аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро тартиб додааст, ки мувофиқи онҳо қариб 30 ҳазор иншооти нав бояд сохта шавад. Маълум нест, ки ёдгориҳои меъморие, ки ҳоло шаҳрҳоро оро медиҳанд, ҳифз хоҳанд шуд ё на, аммо аллакай баъзеҳо тахриб ва ё ба таври шинохтанашаванда иваз шудаанд, масалан, Қасри фарҳанг дар Бӯстон.
Айни замон зиёда аз 10 ҳазор бино ба истифода дода шуда, дар 7,9 ҳазор иншоот кор давом дорад, сохтмони 367 иншооти дигар ҳанӯз оғоз наёфтааст. Ҳазор бинои сохташаванда аз назар гузаронда шуд, ки дар онҳо қариб 6 ҳазор камбудӣ ошкор карда шуд.
Тартиб додани нақшаҳои генералии шаҳрҳои Хоруғ, Турсунзода, Панҷакент, Варзоб ва Рӯшон давом дорад. Лоиҳаҳои банақшагирии муфассали қитъаҳои алоҳидаи шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Исфара ва Бӯстон таҳия карда мешаванд.
Башенный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Раҳмон: сохтмонҳои бисёрошёнаи барои шаҳрвандон хатарнок ошкор шудаанд
Аммо чизи нав на ҳамеша хуб аст. Аксар вақт бартариҳои биноҳои таърихӣ - зебоӣ, созгорӣ, моҳияти онҳо қурбони манфиатҳои тиҷорӣ мешаванд. Ё қурбони намоишкорӣ,ки боз ҳам бадтар аст, зеро тамоман оқилона нест.
Дар ин ҷо Душанберо мисол овардан мумкин аст, ки дар он як қатор биноҳои зебое, ки гӯё ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд, ба хотири биноҳои баландошёнаи якранг, ки ягон намуди зоҳирии инфиродӣ надоранд, хароб карда шуданд. Маҳз дар пойтахти Тоҷикистон бӯҳрони меъморӣ бештар зоҳир мешавад, гарчанде он бомиқёси ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ободонии шаҳр ҷуброн мешавад.

Долларзудоӣ

Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз доллар вобаста набошад ва имкон дод, ки аз Бонки Миллӣ харидории сабикаҳои тиллоӣ (ва ҳамчунин тангаҳои нуқра), ки аз рӯи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ сикка зада шуданд иҷозат дод ва дар хариди онҳо маҳдудият вуҷуд надорад.
Акнун ҳар кас метавонад сиккаҳои тилоии 5, 10, 20, 50 ва 100 граммро харидорӣ намояд. Бонки миллии Тоҷикистон нархҳои онҳоро тибқи фиксинги (нархгузории) Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон мунтазам нав мекунад. Ҳамин тариқ, кишвар муомилоти пули нақдро танзим мекунад ва бо мурури замон имкон пайдо мекунад, ки аз доллар комилан даст кашад.
Никита Мендкович, раиси Клуби таҳлилии Авруосиё мегӯяд, ки ин тасмим хоҳиши Тоҷикистонро барои таъминоти тиллоии сомонӣ нишон медиҳад.
Золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Тилофурӯшии бонкҳои Тоҷикистон: Ҳадаф чист?
" Яъне, агар ба онҳо лозим ояд, ки асъорро аз бозор бозпас гиранд, онро асъори худро аз нав мехаранд, ба ин васила мизони онро кам ва қимати онро дар бозор боло бурда, таваррумро танзим мекунанд ва ин корро бо иваз кардани он ба тило анҷом медиҳанд. ", - таъкид кард коршинос.
Вай тавзеҳ дод, ки дар амалияи байналмиллалӣ ду равия барои иваз кардани тилло вуҷуд дорад. Ё ба шумо ҳуқуқи моликият ба тилло дода мешавад, аммо он амалан дар бонки миллӣ нигоҳ дошта мешавад ва шумо онро ба хона намебаред, ё ин ки тилло ва тангаҳои тилло дар ихтиёри шумо дода мешаванд ва шумо онҳоро ба хонаи худ мебаред.

Тоҷикистон ба пеш бе Сегрт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи январ дар қаҳрамонии “Ҷоми Осиё - 2023” дар шаҳри Доҳа (Қатар) бори аввал баромад намуда, бо анҷоми 4 бозӣ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар сабқати якчорниҳоӣ бо Урдун, ки аввали моҳи феврал баргузор шуд, мухлисонро ноумед сохта, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Аммо новобаста ба ин дастаи Тоҷикистон ба қатори ҳашт дастаи пурқуввати Осиё ворид шуд ва бинобар ин варзишгаронро дар ватан ҳамчун қаҳрамонон истиқбол гирифтанд.
Масалан, корхонаи тиллои "Зарафшон" ба даста 2 миллион сомонӣ мукофотпулӣ дод, ба дарвозабон Рустам Ятимов калиди мошини "Тойота" ва ба Петр Сегрт, ки ду сол бачаҳоро тамрин дод, унвони "мураббии дараҷаи олии Тоҷикистон" тақдим гардид." Аммо, ин унвон ҳам барои нигоҳ доштани мутахассиси хорватӣ мусоидат накард.
Главный тренер сборной Таджикистана по футболу Гела Шекиладзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Мутахассиси гурҷӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд
Шартномаи "Эйнштейни футбол", ки мухлисони тоҷик Сегртро чунин меномиданд, моҳи феврал ба охир расид. Чаро шартнома тамдид нашуд, мушаххас нест, вале дар ниҳоят мураббии хорватӣаз ҷониби роҳбарияти бошгоҳи эронӣ фирефта шуд, ки аз комёбиҳои тими Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар ба ваҷд омада буд.
Ва вазифаи холишудаи мураббиро ёвари собиқи Сегрт, мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ишғол кард. Акнун мебинем, ки даста таҳти сарварии мураббии нав чӣ комёбиҳо ба даст меорад ва оё ӯ низ бо эҳсосот "Тоҷикистон, ба пеш!" нидо хоҳад кард.

Шаби қаҳрамонҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс

Охирҳои моҳи феврал дар шаҳри Душанбе як чорабинии васеъмиқёси варзишӣ, – мусобиқаи “Шаби қаҳрамонҳои IBA” баргузор гардид. Дар он чаҳор муштзани тоҷик - Шавқат Раҳимов, Баҳодур Усмонов, Акмал Убайдов ва Шамшер Саидов ширкат карданд. Иштирокчиён на танҳо барои ҷоизаи пулӣ (ба ғолиб 350 ҳазор доллар ваъда шуда буд), балки барои ҷоизаи асосӣ – камарбанди IBA дар вазни то 86 кг рақобат карданд.
Дар ин ин мусобиқа Баҳодур Усмонов бар Ҷовид Чалабиеви озарбойҷонӣ пирӯз шуда, унвони қаҳрамони Осиёро ба даст овард. Акмал Убайдов ҳам бар зидди Асулҷон Серикбай аз Қазоқистон ва Шамшер Саидов муқобили Сулаймонбек Уулу Акжол аз Қирғизистон дар ринг бомуваффақият баромад карданд.
Мусобиқаи байналмилалии Шоми бокс бо иштироки меҳмони фахрӣ, муштзан Рой Ҷонс дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Чашм ба чашм: Вазнкашии муштзанҳо дар Душанбе бо ҳузури Рой Ҷонс - видео
Шавқат Раҳимов гарчанде аз Эдуардо Нунйеси мексикоӣ шикаст хӯрд, аммо маҳорати баланд нишон дод. Варзишгари мо хеле дилпурона сабқатро оғоз кард, аммо пас аз чанд раунди пуршиддат ҳариф ташаббусро ба даст гирифт ва мақоми довталаби унвони IBF-ро гирифт.
Ҳамчун меҳмонони фахрӣ мусобиқаро размандаи русӣ-амрикоӣ Рой Ҷонс, ки дар анҷоми чорабинӣ суханронӣ ҳам кард, инчунин президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлев ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тамошо карданд.

"Бозиҳои оянда"

Нахустин “Бозиҳои оянда” дар Қазон баргузор шуданд, ки дар он 2 ҳазор варзишгар аз 104 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Онҳо дар намудҳои иборат аз унсурҳои илм, технология ва варзиш рақобат карданд вамусобиқа намудҳои пойгаи велосипедронии маҷозӣ, набардҳои роботҳо ва бозиҳои якҷояи даставӣ дар воқеъва ҳам маҷозиро дар бар мегирифт.
Дар баробари раисҷумҳурони кишварҳои ИДМ сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар маросими ифтитоҳи бозиҳо ширкат дошт. Сафари ӯ аз музокирот бо Владимир Путин, -раисҷумҳури Русия оғоз шуд ва дар ҷараёни он изҳор шуд, ки равобити Русия ва Тоҷикистон хеле бомуваффақият рушд мекунад.
"Ман ягон мушкилотеро намедонам, ки мо онро ҳал кардан натавонем. Мо дар ҳама самтҳо ҳаракат хоҳем кард, пеш аз ҳама ин ба иқтисод дахл дорад", - гуфт президенти Русия.
Размикори тоҷик, Ҳалим Назруллоев таассуроташ аз иштирок дар Бозиҳои оянда дар Қазон гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Киберразмандаи тоҷик аз "Бозиҳои оянда" ва мулоқот бо президентҳо гуфт - видео
Баъд аз ин Раҳмон дар маросими ифтитоҳи "Бозиҳои оянда" суханронӣ карда, ба 35 варзишгари киберварзиши Тоҷикистон, ки дар ин чорабинӣ ширкат доранд, пирӯзӣ хост.
Барнома бо ин тамом нашуд. Рӯзи дигар раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси минтақа Рустам Миннихонов мулоқот кард ва дар он ҷо азгустариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ сухан рафтва ба нишони миннатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ордени Дӯстӣ тақдим гардид.

Бо як сархат

Ба далели сардии ҳаво дар бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ​​ҷорӣ шуда, интиқоли барқ ​​қатъ мешуд. Мардум маҷбур мешуданд, ки хонаҳоро бо бухорӣ гарм кунанд, ки ин боиси садамаҳо мегардад.
Парлумон тағйирот ба қонун дар бораи маорифро қабул кард. Ҳоло тамоми мактаббачаҳои тоҷик бояд то синфи 11 таҳсил кунанд. Пеш баъди хатми синфи 9 ба кор ва ё ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ рафтан мумкин буд.
Открытие класса для изучения русского языка в школе №75 города Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Президент тағйирот ба қонунро имзо кард: Таҳсили миёна дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд
Низоми баҳогузории 10-холӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф моҳи гузашта пешниҳод шуда буд, дар 140 мактаб ҳамчун таҷриба ҷорӣ карда шуд. Агар таҷриба муваффақ дониста шавад, он дар дигар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣмешавад.
Рустами Эмомалӣ ба СММ пешниҳод кард, ки расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шавад, зеро ин навъи варзишро, ба назари ӯ, метавон фарҳанги ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. Ин идеяро аллакай 10 ҳазор нафар дастгирӣ карданд.
Федератсияи Русия ба Тоҷикистон таҷҳизоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва зироатҳои равғанӣ медиҳад, то як қисми ҳосили бадастомада ба бозори Русия ворид карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0