https://sputnik.tj/20240301/prezident-taghyirot-qonun-imzo-1061892159.html
Президент тағйирот ба қонунро имзо кард: Таҳсили миёна дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд
Президент тағйирот ба қонунро имзо кард: Таҳсили миёна дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор қонунҳои қабулкардаи ду палатаи парлумони кишварро имзо намуд, ки дар миёнашон тағйирот ба қонун бораи маориф мебошад 01.03.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-03-01T14:59+0500
2024-03-01T14:59+0500
2024-03-01T14:59+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
талабот
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/15/1061013416_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_f13a971352acab81ca9be1606a1d46fe.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёна ё худ зинаи сеюми таҳсилот ҳатмӣ шуд. Қонун дар ин бораро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард. Тибқи тағйирот ба қонун дар бораи маориф, ҳамаи хонандагон ба таълими миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд. Манбаъ афзуд, тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон дар як вақт ҳам соҳиби маълумоти умумӣ ва ҳам соҳибкасб гарданд. Меъёри ҷадид баъди нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд. Тағйироти воридгардида ба тайёр кардани кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад, афзуд котиботи президенти Тоҷикистон. Дар парлумон низ муътақиданд, ки ин меъёр талабот ба мутахассисони тоҷик дар дохилу хориҷро бештар мекунад. Ҳатмӣ шудани таҳсили миёна ва ё касбӣ дар Тоҷикистон талабот ба мутахассисони тоҷик дар хориҷро низ афзоиш дода, барои афзоиши музди онҳо мусоидат хоҳад кард, гуфт ахиран раиси Кумитаи парлумон дар масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Сумангул Тағойзода, ки дар гузашта вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ буд. Гирифтани касб сатҳи даромад ва мақоми иҷтимоии шахсро баланд мебардорад, ки ин ба сифати зиндагии ӯ ва фаровонии оилааш таъсири мусбат мерасонад.
https://sputnik.tj/20240225/vaziri-maorif-tojikiston-kadom-nobolighon-1061833148.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/15/1061013416_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_c7191116e22647d479ae55b7fb221579.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, таҳсил, талабот, бозор
дар тоҷикистон, маориф, таҳсил, талабот, бозор
Президент тағйирот ба қонунро имзо кард: Таҳсили миёна дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор қонунҳои қабулкардаи ду палатаи парлумони кишварро имзо намуд, ки дар миёнашон тағйирот ба қонун бораи маориф мебошад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёна ё худ зинаи сеюми таҳсилот ҳатмӣ шуд. Қонун дар ин бораро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Тибқи тағйирот ба қонун дар бораи маориф, ҳамаи хонандагон ба таълими миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд.
"Онҳо таълими миёнаи умумиро метавонанд дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ё дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гиранд", - шарҳ дод дафтари матбуоти президент.
Манбаъ афзуд, тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон дар як вақт ҳам соҳиби маълумоти умумӣ ва ҳам соҳибкасб гарданд. Меъёри ҷадид баъди нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.
Тағйироти воридгардида ба тайёр кардани кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад, афзуд котиботи президенти Тоҷикистон.
Дар парлумон низ муътақиданд, ки ин меъёр талабот ба мутахассисони тоҷик дар дохилу хориҷро бештар мекунад.
Ҳатмӣ шудани таҳсили миёна ва ё касбӣ дар Тоҷикистон талабот ба мутахассисони тоҷик дар хориҷро низ афзоиш дода, барои афзоиши музди онҳо мусоидат хоҳад кард, гуфт ахиран раиси Кумитаи парлумон дар масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Сумангул Тағойзода, ки дар гузашта вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ буд.
Гирифтани касб сатҳи даромад ва мақоми иҷтимоии шахсро баланд мебардорад, ки ин ба сифати зиндагии ӯ ва фаровонии оилааш таъсири мусбат мерасонад.