Мутахассиси гурҷӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонГлавный тренер сборной Таджикистана по футболу Гела Шекиладзе
Главный тренер сборной Таджикистана по футболу Гела Шекиладзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Обуна шудан
Ниҳоят баъд аз як ҳафтаи аз вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон рафтани Петр Сегрт. Федератсияи Футболи кишвар номи сармураббии нави тими миллиро эълон кард.
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе мутахассиси 53 солаи гурҷӣ таъин шудааст.
Номбурда қаблан вазифаи ёвари сармураббии тими миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Як манбаъ аз ФФТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ёвари Шекиладзе мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия буда.
Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста ва Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Инчунин манбаъ зикр намуд, ки тамоми ситоди мураббиёни мунтахаби кишвар ҳамкориро бо тими милли идома хоҳанд дод.
Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Сегрт аз мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон рафт
Гела Шекиладзе қаблан ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаҳои "Динамо-Батуми" (Гурҷистон), "Лйерс" (Белгия), "Руселаре" (Белгия), "Арсенал" (Украина) ва ССКА (Украина) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати тими миллии кишвараш 22 бозӣ анҷом додааст.
Шекиладзе аз соли 2007 то 2011 ба ҳайси сармурабби дастаҳои миллии Гурҷистон аз қабили U-15, U-16, U-19 ва U-21 фаъолият намудааст.
Ҳамчунин, вай ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.
Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи "Pro"-и УЕФА мебошад.
Лентаи хабарҳо
0