https://sputnik.tj/20240304/kreml-suhbati-nizomiyoni-olmoni-zarba-qrim-1061922548.html
Кремл нашри суҳбати низомиёни олмонӣ дар бораи зарба ба Русияро шарҳ дод
Кремл нашри суҳбати низомиёни олмонӣ дар бораи зарба ба Русияро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Мундариҷаи сӯҳбати нашршудаи афсарони олмонӣ ба ширкати мустақими Ғарб дар низоъ дар атрофи Украина таъкид мекунад, изҳор дошт сухангӯи Кремл
2024-03-04T14:19+0500
2024-03-04T14:19+0500
2024-03-04T14:21+0500
дар русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амният ва мудофиа
кремл
украина
олмон
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/08/1053379281_0:0:3259:1833_1920x0_80_0_0_2a591cc59614bd268ea62446cbfe01de.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Муҳтавои суҳбати низомиёни олмонӣ, агар як қисми сиёсати давлатӣ бошад, пас ин хеле бад аст. Инро сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков дар шарҳи суҳбати нашршудаи афсарони олмонӣ баён дошт. Ӯ афзуд, ик муҳтавони суҳбат ба ширкати мустақими Ғарб дар низоъ дар атрофи Украина таъкид мекунад. Кремл умедвор аст, ки натиҷаҳои санҷиши ваъдакардаи Шолтсро пас аз нашри гуфтугӯҳои афсарони олмонӣ хоҳанд фаҳмид, гуфт ПесковАхиран сармуҳаррири гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва телевизиони RT, Маргарита Симонян суҳбати афсарони бундесверро дар мавриди ҳамла ба пули Қрим тавассути мушакҳои Taurus нашр кард.Дар ин суҳбат, ки19 феврал сабт шудаст, сардори шуъбаи амалиёт ва машқҳои фармондеҳии қувваҳои ҳарбии ҳавоии Олмон, Грефе, нозири қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ Герхартс ва кормандони маркази амалиёти ҳавоӣ Фенске ва Фростедте иштирок доштаанд.Яке аз афсарон аз сафари барномарезишуда ба Украина дар рӯзи 21 феврал ёдовар шуд, ки барои ҳамоҳангсозии зарбаҳо ба ҳадафҳои Русия сурат мегирад.Нозири нерӯҳои ҳавоии Бундесвер, ки дар муҳокимаи ҳамла ба пули Қрим ширкат дошт, имконпазир хонд, ки 100 мушаки Taurus дар баста ба Киев интиқол дода шавад.Артишиёни Олмон имкони ҳамла маҳз бо ин мушакҳо бо истифода аз ҳавопаймои Dassault Rafale-ро баррасӣ намуданд. Намояндаи Бундесвер гуфт, мушакҳои Taurus, ки ба Украина оварда мешаванд, пас аз 8 моҳ барои истифода омода хоҳанд шуд.Яке аз иштирокчиён ба таъсирбахш будани зарбаи болои купрук шубҳа кард ва савол гузошт, ки барои ин чанд мушак лозим аст, "шояд на 10 ва ҳатто на 20 мушак лозим оянд".Низомиён дар сабти нашршуда интиқоли мушакҳоро низ баррасӣ карда, яке аз онҳо мегӯяд, ҳеҷ кас намедонад, ки чаро канслер мухолифи ин интиқол аст.️Дар Олмон вақтҳои охир масъалаи интиқоли мушакҳои Taurus ба Киев фаъолона баррасӣ мешавад. Дар баробари ин, садри аъзам Олаф Шолтс борҳо изҳор доштааст, ки зидди ин гуна таъминот аст.
https://sputnik.tj/20240304/grad-neruu-tekhnikai-ukraini-samti-avdeevka-nobud-1061918882.html
https://sputnik.tj/20240302/rusiya-olmon-sharh-sabt-afsaronash-hamla-pul-qrim-1061902950.html
кремл
украина
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/08/1053379281_425:0:3156:2048_1920x0_80_0_0_2ad6dc2e408d03c091854561c2fee532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашр, суҳбат, вокуниш, низомиён, олмонӣ, украина
нашр, суҳбат, вокуниш, низомиён, олмонӣ, украина
Кремл нашри суҳбати низомиёни олмонӣ дар бораи зарба ба Русияро шарҳ дод
14:19 04.03.2024 (Навсозишуда: 14:21 04.03.2024) Мундариҷаи сӯҳбати нашршудаи афсарони олмонӣ ба ширкати мустақими Ғарб дар низоъ дар атрофи Украина таъкид мекунад, изҳор дошт сухангӯи Кремл
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Муҳтавои суҳбати низомиёни олмонӣ, агар як қисми сиёсати давлатӣ бошад, пас ин хеле бад аст.
Инро сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков дар шарҳи суҳбати нашршудаи афсарони олмонӣ баён дошт.
Ӯ афзуд, ик муҳтавони суҳбат ба ширкати мустақими Ғарб дар низоъ дар атрофи Украина таъкид мекунад.
Кремл умедвор аст, ки натиҷаҳои санҷиши ваъдакардаи Шолтсро пас аз нашри гуфтугӯҳои афсарони олмонӣ хоҳанд фаҳмид, гуфт Песков
Ахиран сармуҳаррири гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва телевизиони RT, Маргарита Симонян суҳбати афсарони бундесверро дар мавриди ҳамла ба пули Қрим тавассути мушакҳои Taurus нашр кард.
Дар ин суҳбат, ки19 феврал сабт шудаст, сардори шуъбаи амалиёт ва машқҳои фармондеҳии қувваҳои ҳарбии ҳавоии Олмон, Грефе, нозири қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ Герхартс ва кормандони маркази амалиёти ҳавоӣ Фенске ва Фростедте иштирок доштаанд.
Яке аз афсарон аз сафари барномарезишуда ба Украина дар рӯзи 21 феврал ёдовар шуд, ки барои ҳамоҳангсозии зарбаҳо ба ҳадафҳои Русия сурат мегирад.
Нозири нерӯҳои ҳавоии Бундесвер, ки дар муҳокимаи ҳамла ба пули Қрим ширкат дошт, имконпазир хонд, ки 100 мушаки Taurus дар баста ба Киев интиқол дода шавад.
Артишиёни Олмон имкони ҳамла маҳз бо ин мушакҳо бо истифода аз ҳавопаймои Dassault Rafale-ро баррасӣ намуданд. Намояндаи Бундесвер гуфт, мушакҳои Taurus, ки ба Украина оварда мешаванд, пас аз 8 моҳ барои истифода омода хоҳанд шуд.
Яке аз иштирокчиён ба таъсирбахш будани зарбаи болои купрук шубҳа кард ва савол гузошт, ки барои ин чанд мушак лозим аст, "шояд на 10 ва ҳатто на 20 мушак лозим оянд".
Низомиён дар сабти нашршуда интиқоли мушакҳоро низ баррасӣ карда, яке аз онҳо мегӯяд, ҳеҷ кас намедонад, ки чаро канслер мухолифи ин интиқол аст.
️Дар Олмон вақтҳои охир масъалаи интиқоли мушакҳои Taurus ба Киев фаъолона баррасӣ мешавад. Дар баробари ин, садри аъзам Олаф Шолтс борҳо изҳор доштааст, ки зидди ин гуна таъминот аст.