https://sputnik.tj/20240302/rusiya-olmon-sharh-sabt-afsaronash-hamla-pul-qrim-1061902950.html
Русия аз Олмон шарҳи сабти гуфтугӯҳои афсаронаш дар бораи ҳамла ба пули Қримро мехоҳад
Русия аз Олмон шарҳи сабти гуфтугӯҳои афсаронаш дар бораи ҳамла ба пули Қримро мехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Кӯшиши фирор аз посух додан ба саволҳо эътирофи гуноҳ ҳисобида мешавад, гуфт намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷӣ Русия др бораи гуфтугӯи афсарони олмонӣ
2024-03-02T11:15+0500
2024-03-02T11:15+0500
2024-03-02T11:15+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
олмон
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_0:0:2979:1677_1920x0_80_0_0_96c31393a4ae9fa138501165f3bdb09a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Русия аз Олмон дар робита ба сӯҳбати оммавии афсарони олмонӣ дар бораи зарбаҳои эҳтимолӣ ба пули Қрим тавзеҳот талаб мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, хабар медиҳад, РИА "Новости".Қаблан сардабири гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян стенограммаи сабти аудиоиро нашр карда буд, ки дар он афсарони баландпояи Бундесвери Олмон ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба пули Қримро баррасӣ мекунанд.Дар ин суҳбат, ки 19 феврал сабт шудаст, сардори шуъбаи амалиёт ва машқҳои фармондеҳии қувваҳои ҳарбии ҳавоии Олмон, Грефе, нозири қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ Герхартс ва кормандони маркази амалиёти ҳавоӣ Фенске ва Фростедте иштирок доштаанд.Яке аз афсарон аз сафари барномарезишуда ба Украина дар рӯзи 21 феврал ёдовар шуд, ки барои ҳамоҳангсозии зарбаҳо ба ҳадафҳои Русия сурат мегирад.Нозири нерӯҳои ҳавоии Бундесвер, ки дар муҳокимаи ҳамла ба пули Қрим ширкат дошт, имконпазир хонд, ки 100 мушаки Taurus дар баста ба Киев интиқол дода шавад.Артишиёни Олмон имкони ҳамла маҳз бо ин мушакҳо бо истифода аз ҳавопаймои Dassault Rafale-ро баррасӣ намуданд.Намояндаи Бундесвер гуфт, мушакҳои Taurus, ки ба Украина оварда мешаванд, пас аз 8 моҳ барои истифода омода хоҳанд шуд.Яке аз иштирокчиён ба таъсирбахш будани зарбаи болои купрук шубҳа кард ва савол гузошт, ки барои ин чанд мушак лозим аст, "шояд на 10 ва ҳатто на 20 мушак лозим оянд".
https://sputnik.tj/20240301/nashri-sabti-suhbati-nizomiyoni-olmoni-puli-qrim-1061899400.html
олмон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_b2425eb71143b16414f8e002a7bbb71a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия олмон шарҳ сабт гуфтугӯ афсарон ҳамла пул қрим
русия олмон шарҳ сабт гуфтугӯ афсарон ҳамла пул қрим
Русия аз Олмон шарҳи сабти гуфтугӯҳои афсаронаш дар бораи ҳамла ба пули Қримро мехоҳад
Кӯшиши фирор аз посух додан ба саволҳо эътирофи гуноҳ ҳисобида мешавад, гуфт намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷӣ Русия др бораи гуфтугӯи афсарони олмонӣ
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Русия аз Олмон дар робита ба сӯҳбати оммавии афсарони олмонӣ дар бораи зарбаҳои эҳтимолӣ ба пули Қрим тавзеҳот талаб мекунад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, хабар медиҳад, РИА "Новости".
"Мо аз Олмон тавзеҳот талаб мекунем. Берлини расмӣ муваззаф аст, ки онҳоро ба таври фаврӣ пешниҳод кунад. Кӯшиши худдорӣ аз посух ба суолҳо эътирофи гуноҳ дониста мешавад", - гуфт Захарова.
Қаблан сардабири гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян стенограммаи сабти аудиоиро нашр карда буд, ки дар он афсарони баландпояи Бундесвери Олмон ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба пули Қримро баррасӣ мекунанд.
Дар ин суҳбат, ки 19 феврал сабт шудаст, сардори шуъбаи амалиёт ва машқҳои фармондеҳии қувваҳои ҳарбии ҳавоии Олмон, Грефе, нозири қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ Герхартс ва кормандони маркази амалиёти ҳавоӣ Фенске ва Фростедте иштирок доштаанд.
Яке аз афсарон аз сафари барномарезишуда ба Украина дар рӯзи 21 феврал ёдовар шуд, ки барои ҳамоҳангсозии зарбаҳо ба ҳадафҳои Русия сурат мегирад.
Нозири нерӯҳои ҳавоии Бундесвер, ки дар муҳокимаи ҳамла ба пули Қрим ширкат дошт, имконпазир хонд, ки 100 мушаки Taurus дар баста ба Киев интиқол дода шавад.
Артишиёни Олмон имкони ҳамла маҳз бо ин мушакҳо бо истифода аз ҳавопаймои Dassault Rafale-ро баррасӣ намуданд.
Намояндаи Бундесвер гуфт, мушакҳои Taurus, ки ба Украина оварда мешаванд, пас аз 8 моҳ барои истифода омода хоҳанд шуд.
Яке аз иштирокчиён ба таъсирбахш будани зарбаи болои купрук шубҳа кард ва савол гузошт, ки барои ин чанд мушак лозим аст, "шояд на 10 ва ҳатто на 20 мушак лозим оянд".