Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Град" нерӯю техникаи украиниро дар самти Авдеевка нобуд кард

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкРабота "Градов" ЗВО на сватовском направлении
Работа Градов ЗВО на сватовском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2024
Обуна шудан
Нерӯҳои артиллерии Ҳавзаи марказии низомӣ дар минтақаи амалиёти вижа ба ҳимояи Донбас зарбаи шадид ба нерӯи зинда ва техникаи ҳариф расонданд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Артиллеристони гурӯҳи "Марказ" мошинҳои зиреҳпӯши украинӣ ва нерӯи зиндаро, ки дар самти Авдеевка мутамарказ шуда буданд, бо истифода аз системаҳои "Град" нобуд карданд.
Ҳайатҳои "Град" дар вақти торикӣ кор мекарданд, то ки ба душман ноаён бимонанд. Танзими оташкушоӣ ва назорати объективӣ аз ҷониби тими бесарнишонҳо анҷом дода шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
"Мо асосан дар торикӣ кор мекунем, то зарбаҳо ҷавобӣ набошад. Душман моро шабона намебинад, аммо операторони мо ҳама чизро мебинанд... Бинобар ин мо шаб кор мекунем. Фарқе нест - шабу рӯз. бачаҳо кордонанд", — иқтибос оварда шуд аз фармондеҳ бо лақаби "Ока".
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия аз Олмон шарҳи сабти гуфтугӯҳои афсаронаш дар бораи ҳамла ба пули Қримро мехоҳад
Низоми мушакии "Град" пеш аз ҳама барои нест кардани қувваҳои пӯшида, мошинҳои зиреҳпӯш дар минтақаи тамаркуз, батареяҳои тӯпхонаву миномёт, посгоҳҳои фармондеҳӣ ва дигар ҳадафҳо дар шароити гуногуни ҷанг пешбинӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0