Бештари рӯзҳои март дар Тоҷикистон истироҳатиянд - тасвирбаён

Обуна шудан
Нахустин моҳи баҳор дар Тоҷикистон чун анъана пур аз ҷашн, таътил ва хурсандӣ хоҳад буд. Ягона моҳест, ки беш аз нисфи рӯзҳояш таътилиянд
Тақвими март бештараш сурх, чун рӯзҳои таътилӣ дар муқоиса бо рӯзҳои корӣ бештаранд.
Моҳ аз рӯзи ҷумъа, ки барои мусалмонон муқаддас аст, оғоз гардида, ҳамчунин дар аввалин моҳи баҳор Рамазон фаро мерасад. Ба ҳисоби пешакӣ интизор меравад, ки моҳи Рамазон 11 март оғоз гардад, ки оғози рӯза барои бисёри мусалмонҳои кишвар аст.
Санаи дақиқу расмии фарорасии Рамазонро, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон таътил аст, Шӯрои уламо бо баргузории як ҷаласа чанд рӯз қабл аз омадани моҳ эълон хоҳад кард.
Шабу рӯзҳои ҷашнии мусалмонон дар соли 2024
Моҳи март дар Тоҷикистон ҳамчунин Рӯзи модарон таҷлил мегардад, баҳонаи дигаре барои хурсанд кардани модар, хоҳар, ҳамсар, духтар ва дигар намояндагони ҷинси латиф хоҳад буд.
Чун анъана дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Бар асоси қонунгузорӣ Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24 март таҷлил мегардад ва расман ин рӯзҳо истироҳат мебошанд. Дар сурати ба рӯзҳои корӣ рост омадани таътилот рӯзҳои истироҳатӣ ба рӯзҳои баъдӣ гузаронда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0