https://sputnik.tj/20240228/tojikistoniyon-mart-istirohat-tasvirbayon-1061865585.html
Бештари рӯзҳои март дар Тоҷикистон истироҳатиянд - тасвирбаён
Бештари рӯзҳои март дар Тоҷикистон истироҳатиянд - тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин моҳи баҳор дар Тоҷикистон чун анъана пур аз ҷашн, таътил ва хурсандӣ хоҳад буд. Ягона моҳест, ки беш аз нисфи рӯзҳояш таътилиянд 28.02.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-02-28T13:00+0500
2024-02-28T13:00+0500
2024-02-28T13:03+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
истироҳат
таътил
бахшида ба 8 март
наврӯз
рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255406_0:0:1333:749_1920x0_80_0_0_405e43a18634f27be5a734d96c345621.jpg
Тақвими март бештараш сурх, чун рӯзҳои таътилӣ дар муқоиса бо рӯзҳои корӣ бештаранд.Моҳ аз рӯзи ҷумъа, ки барои мусалмонон муқаддас аст, оғоз гардида, ҳамчунин дар аввалин моҳи баҳор Рамазон фаро мерасад. Ба ҳисоби пешакӣ интизор меравад, ки моҳи Рамазон 11 март оғоз гардад, ки оғози рӯза барои бисёри мусалмонҳои кишвар аст. Санаи дақиқу расмии фарорасии Рамазонро, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон таътил аст, Шӯрои уламо бо баргузории як ҷаласа чанд рӯз қабл аз омадани моҳ эълон хоҳад кард. Шабу рӯзҳои ҷашнии мусалмонон дар соли 2024Моҳи март дар Тоҷикистон ҳамчунин Рӯзи модарон таҷлил мегардад, баҳонаи дигаре барои хурсанд кардани модар, хоҳар, ҳамсар, духтар ва дигар намояндагони ҷинси латиф хоҳад буд. Чун анъана дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад. Бар асоси қонунгузорӣ Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24 март таҷлил мегардад ва расман ин рӯзҳо истироҳат мебошанд. Дар сурати ба рӯзҳои корӣ рост омадани таътилот рӯзҳои истироҳатӣ ба рӯзҳои баъдӣ гузаронда мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255406_164:0:1163:749_1920x0_80_0_0_ee6fb73fa0834711c251fdceae18c7fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, инфографика, дар тоҷикистон, истироҳат, таътил, бахшида ба 8 март, наврӯз, рамазон
тасвирбаён, инфографика, дар тоҷикистон, истироҳат, таътил, бахшида ба 8 март, наврӯз, рамазон
Бештари рӯзҳои март дар Тоҷикистон истироҳатиянд - тасвирбаён
13:00 28.02.2024 (Навсозишуда: 13:03 28.02.2024) Нахустин моҳи баҳор дар Тоҷикистон чун анъана пур аз ҷашн, таътил ва хурсандӣ хоҳад буд. Ягона моҳест, ки беш аз нисфи рӯзҳояш таътилиянд
Тақвими март бештараш сурх, чун рӯзҳои таътилӣ дар муқоиса бо рӯзҳои корӣ бештаранд.
Моҳ аз рӯзи ҷумъа, ки барои мусалмонон муқаддас аст, оғоз гардида, ҳамчунин дар аввалин моҳи баҳор Рамазон фаро мерасад. Ба ҳисоби пешакӣ интизор меравад, ки моҳи Рамазон 11 март оғоз гардад, ки оғози рӯза барои бисёри мусалмонҳои кишвар аст.
Санаи дақиқу расмии фарорасии Рамазонро, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон таътил аст, Шӯрои уламо бо баргузории як ҷаласа чанд рӯз қабл аз омадани моҳ эълон хоҳад кард.
Моҳи март дар Тоҷикистон ҳамчунин Рӯзи модарон таҷлил мегардад, баҳонаи дигаре барои хурсанд кардани модар, хоҳар, ҳамсар, духтар ва дигар намояндагони ҷинси латиф хоҳад буд.
Чун анъана дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Бар асоси қонунгузорӣ Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24 март таҷлил мегардад ва расман ин рӯзҳо истироҳат мебошанд. Дар сурати ба рӯзҳои корӣ рост омадани таътилот рӯзҳои истироҳатӣ ба рӯзҳои баъдӣ гузаронда мешавад.