https://sputnik.tj/20240117/shab-ruz-jashn-musalmonon-sol-1061306497.html
Шабу рӯзҳои ҷашнии мусалмонон дар соли 2024
Шабу рӯзҳои ҷашнии мусалмонон дар соли 2024
Sputnik Тоҷикистон
Идҳои асосии мусалмонон дар соли равон ба моҳҳои марту апрел рост омада, оғози моҳи шарифи Рамазон тақрибан 11 март дар назар мебошад
2024-01-17T14:29+0500
2024-01-17T14:29+0500
2024-01-17T14:31+0500
тасвирбаён
рамазон
қурбон
моҳ
шариф
мусалмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/10/1061299676_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_2abb971087ecab378af284b97eeb006b.jpg
Моҳи феврал мусалмонони ҷаҳон шаби меъроҷ ва шаби баротро таҷлил мекунанд. Меъроҷ, ки ба маънои нардбон аст, шаби 7 ба 8 феврал таҷлил мешавад. Мусалмонон дар ин сана рафтани Муҳаммади пайғамбар (с) ба осмон ва мулоқӣ шудани ӯ бо Худованд, ки шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ воқеъ гардидааст, ҷашн мегиранд.Идҳои асосии мусалмонон соли равон ба моҳҳои март ва апрел рост меоянд. Оғози моҳи шарифи Рамазон тақрибан 11 март дар назар буда, таҷлили иди Фитр интизор меравад, ки ба 10 апрел рост ояд. Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашни онҳо аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламои кишвар анҷом медиҳад.Тоҷикистониён соли 2024 чӣ қадар истироҳат хоҳанд кард?Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид рӯзҳои таҷлили Рамазону Қурбон дар ҷумҳурӣ расман таътил мебошанд. Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.Идҳои исломӣ бар асоси солшумории мусалмонӣ таъйин мешаванд, ки аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) бо машварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/10/1061299676_181:0:1180:749_1920x0_80_0_0_d0f12b422962ec3a94850269c3086bab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, моҳ, шариф, рамазон, таътил, тақвим
тасвирбаён, моҳ, шариф, рамазон, таътил, тақвим
Шабу рӯзҳои ҷашнии мусалмонон дар соли 2024
14:29 17.01.2024 (Навсозишуда: 14:31 17.01.2024) Идҳои асосии мусалмонон дар соли равон ба моҳҳои марту апрел рост омада, оғози моҳи шарифи Рамазон тақрибан 11 март дар назар мебошад
Моҳи феврал мусалмонони ҷаҳон шаби меъроҷ ва шаби баротро таҷлил мекунанд.
Меъроҷ, ки ба маънои нардбон аст, шаби 7 ба 8 феврал таҷлил мешавад. Мусалмонон дар ин сана рафтани Муҳаммади пайғамбар (с) ба осмон ва мулоқӣ шудани ӯ бо Худованд, ки шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ воқеъ гардидааст, ҷашн мегиранд.
Идҳои асосии мусалмонон соли равон ба моҳҳои март ва апрел рост меоянд. Оғози моҳи шарифи Рамазон тақрибан 11 март дар назар буда, таҷлили иди Фитр интизор меравад, ки ба 10 апрел рост ояд.
Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашни онҳо аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламои кишвар анҷом медиҳад.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид рӯзҳои таҷлили Рамазону Қурбон дар ҷумҳурӣ расман таътил мебошанд.
Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.
Идҳои исломӣ бар асоси солшумории мусалмонӣ таъйин мешаванд, ки аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.
Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) бо машварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад.