https://sputnik.tj/20240222/hazor-somoni-hajmi-pardokht-nobudsozii-moshin-1061799880.html
Пули пардохти ҳатмӣ барои нобудсозии мошинҳо дар Тоҷикистон мушаххас шуд: Чанд сомонӣ?
Пули пардохти ҳатмӣ барои нобудсозии мошинҳо дар Тоҷикистон мушаххас шуд: Чанд сомонӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳаҷми пардохт барои нобуд сохтани воситаҳои нақлиёт дар кишварро, ки ҳукумат тасдиқ намудааст, эълон кард 22.02.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-02-22T12:20+0500
2024-02-22T12:20+0500
2024-02-22T12:20+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
восита
пардохт
нобуд
мошин
худрав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101563/12/1015631281_0:45:1601:945_1920x0_80_0_0_8892f187487154e8dcd4a1c6d8d7ae87.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Андозаи пардохти ҳатмӣ барои нобуд сохтани худравҳо аз навъи он вобаста буда, аз 360 то 2880 сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои Вазорати нақлиёт, ҳаҷми ин пардохти ҳатмӣ барои соҳибони мотосикл - 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиет, ки зиёда аз 10 нафарро интиқол медиҳанд - 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои мошинҳои боркашу борбардорҳо - 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст. Соли равон ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад. Бар асоси тағйирот ба қонунгузорӣ, ки охири 2023 қабул гардид, пардохт аз ҷониби БДА ҳангоми ба қайди давлатӣ гузоштани воситаҳои нақлиёт пас аз барасмиятдарории гумрукӣ ва ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ситонда мешавад. Маблағ як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби воситаи нақлиёт талон дода мешавад, ки то нобудсозӣ эътибор дорад. Танҳо намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, бо шарти аз ҳудуди ҷумҳурӣ бозпас баровардани воситаҳои нақлиёт озоданд. Инчунин мошинҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муваққатан ворид карда шудаанд, аз супоридани ин намуди пардохт озод карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20240214/tojikiston-mablaghi-dollar-moshinh-barq-1061683993.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101563/12/1015631281_140:0:1459:989_1920x0_80_0_0_2384e6090d85b9e7ba1d734f0db829ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, восита, пардохт, нобуд, мошин, худрав
дар тоҷикистон, нақлиёт, восита, пардохт, нобуд, мошин, худрав
Пули пардохти ҳатмӣ барои нобудсозии мошинҳо дар Тоҷикистон мушаххас шуд: Чанд сомонӣ?
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳаҷми пардохт барои нобуд сохтани воситаҳои нақлиёт дар кишварро, ки ҳукумат тасдиқ намудааст, эълон кард
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Андозаи пардохти ҳатмӣ барои нобуд сохтани худравҳо аз навъи он вобаста буда, аз 360 то 2880 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, ҳаҷми ин пардохти ҳатмӣ барои соҳибони мотосикл - 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиет, ки зиёда аз 10 нафарро интиқол медиҳанд - 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
Ин маблағ барои мошинҳои боркашу борбардорҳо - 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст.
Соли равон ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси тағйирот ба қонунгузорӣ, ки охири 2023 қабул гардид, пардохт аз ҷониби БДА ҳангоми ба қайди давлатӣ гузоштани воситаҳои нақлиёт пас аз барасмиятдарории гумрукӣ ва ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ситонда мешавад.
Маблағ як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби воситаи нақлиёт талон дода мешавад, ки то нобудсозӣ эътибор дорад.
Танҳо намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, бо шарти аз ҳудуди ҷумҳурӣ бозпас баровардани воситаҳои нақлиёт озоданд. Инчунин мошинҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муваққатан ворид карда шудаанд, аз супоридани ин намуди пардохт озод карда мешаванд.