https://sputnik.tj/20240214/tojikiston-mablaghi-dollar-moshinh-barq-1061683993.html
Ҷаҳиши воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон: Чанд адад ва бо кадом нарх?
Ҷаҳиши воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон: Чанд адад ва бо кадом нарх?
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ дар соли гузаштаро ба қайд гирифтаанд, ки дар пайи додани сабукиҳо амалӣ шудаст
2024-02-14T11:15+0500
2024-02-14T11:15+0500
2024-02-14T19:54+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
худрав
барқ
хадамоти гумруки тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/08/1050565630_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_742e1b1603ce690392dc134fbbbc8f70.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта 3,3 ҳазор мошини барқӣ ворид кардаст, ки дар қиёс бо нишондоди соли қаблӣ беш аз 2,5 ҳазор адад зиёд аст. Ин нуктаро раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Раиси Хадамоти гумруки кишвар арзиши худравҳои барқии воридгардида дар солро беш аз 58 млн доллар гуфт. Вай зикр намуд, зимни вуруди худравҳои барқӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонда намешаванд, чун сабукиҳо ироа шудаанд. Ба ҳисоби мақомоти гумрук, ҳаҷми сабукиҳои ироашуда ба воридкунандаҳо дар соли гузашта ҳудуди 176 млн сомониро ташкил медиҳад. Мошинҳо асосан аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид мегарданд, афзуд раиси мақомоти гумрук.Нархи миёнаи гумрукии мошинҳои барқии воридшуда ҳудуди 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.Гуфта мешавад, ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта шудаанд. Дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.
https://sputnik.tj/20240214/ayb-tabiat-mudiriyat-charo-barq-1061682905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/08/1050565630_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_329aca2ee735f94e544f6b99456e1a72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқ, мошин, хадамоти гумрук
тоҷикистон, барқ, мошин, хадамоти гумрук
Ҷаҳиши воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон: Чанд адад ва бо кадом нарх?
11:15 14.02.2024 (Навсозишуда: 19:54 14.02.2024) Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзоиши воридоти мошинҳои барқиро дар соли гузашта ба қайд гирифтаанд, ки дар пайи додани сабукиҳо амалӣ шудаст
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта 3,3 ҳазор мошини барқӣ ворид кардаст, ки дар қиёс бо нишондоди соли қаблӣ беш аз 2,5 ҳазор адад зиёд аст.
Ин нуктаро раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Раиси Хадамоти гумруки кишвар арзиши худравҳои барқии воридгардида дар солро беш аз 58 млн доллар гуфт. Вай зикр намуд, зимни вуруди худравҳои барқӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонда намешаванд, чун сабукиҳо ироа шудаанд.
Ба ҳисоби мақомоти гумрук, ҳаҷми сабукиҳои ироашуда ба воридкунандаҳо дар соли гузашта ҳудуди 176 млн сомониро ташкил медиҳад. Мошинҳо асосан аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид мегарданд, афзуд раиси мақомоти гумрук.
Нархи миёнаи гумрукии мошинҳои барқии воридшуда ҳудуди 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Гуфта мешавад, ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта шудаанд.
Дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.